formula
Худо дар рӯзи иди Рамазон ба бандагонаш чӣ мегӯяд?
02.05.2022
ОИЛА
1104
no-img

Худо дар рӯзи иди рамазон

ба бандагонаш чӣ мегӯяд?

Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт,

Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт.

Худованд ба фазли худ барои мӯъминон охири моҳи Рамазонро ид ва хурсандӣ барои бандагонаш гардонид. Чун Рамазони муборак хотима меёбаду якуми моҳи Шаввол иди Фитр аст. Калимаи “ид” аз решаи “авд” гирифта шуда маънояш баргаштан мебошад. Яъне ҳамасола дар рӯзи ид ба мусулмонон шодию фараҳ боз мегардад.

Мусулмонони тамоми ҷаҳон дар ин рӯз садақаи фитри худро адо намуда, дар намозгоҳҳо ҷамъ омада, дастаҷамъӣ бо шукру самимияту ихлос намози идро мегузоранд ва сар ба остонаи Парвардигор худ ба саҷда мебаранд, сипас ба табрики якдигар мепардозанд ва ба зиёрату шодбошии хешону ҳамбастагон ва пайвандон мераванд.

Худованд рӯзи иди Рамазон ба намозгузорон хитоб карда мегӯяд: “Ҳар ҳоҷате аз дунёву охират доред, бипурсед, ба шумо медиҳам!”

Пас мардум аз намози иди Рамазон бо ризои Худованд ва мағфирати ӯ шоду хуррам ба хонаҳо бармегарданд.

Ҳамагонро бо ин рӯзи саиди иди фитр, рӯзи ризои Худои субҳон табрик мегӯем ва барояшон хонаободию саодати дорайнро таманно дорем. Худо моро ба Рамазону идҳои зиёде бо имони комил расонад.

Иди Фитр омад омадаасту Рамазон гашт тамом,

Ба шумо ҳамсафарони сафари рӯза салом!

Рӯзаҳотон ҳама дар пеши Худованд қабул,

Рӯзгори хушатон мазҳари тавфиқ мудом.

Иззату ҳиммататон шоҳиди таъйиду зафар,

Идатон хурраму шириниятон бод ба ком!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД