Sebiston new 2024 october
Худкушии марди дузана (ҚИСМИ 2)
1410

 

Ҳосили ишқ

Солҳо бо ҳамин минвол турнасон гузаштану Манижаи азизаш барои Суҳроб паи ҳам се фарзанд таваллуд кард. Нахли умри ҳамсари қонуниаш дар ин муддат на бо табобат бор оварду на бо муллодавӣ. Фарзандон риштаҳои мустаҳкаме буданд, ки Суҳробро торафт бештар бо Манижа мепайвастанд. Рӯзе, ки фарзанди сеюмашон, писарчаи паҳлавонашон ба дунё омад, Суҳроб ниҳоят тасмим гирифт, ки ҳарчи бодо бод, тамоми сирру асрори зиндагиашро ба падараш мекушояд. Бигзор волидонаш фаҳманд, ки вай дар шаҳр зан дорад ва алакай соҳиби се фарзанди гул барин хушрӯй шудааст. Бигзор пиру кампир набераҳояшонро бо меҳр ба оғӯш кашида, орзуву ормонашонро шикананд.

Дуои падар

- Дадаҷон, маро бубахшед, ки то ин вақт ин сирро ба шумо нагуфтам. Ман дар шаҳр зан дорам. Номаш Манижа. Мо чанд сол боз зиндагӣ мекунем ва алакай фарзанд ҳам дорем. Дирӯз фарзанди сеюмамон ба дунё омад. Писардор шудам, агар иҷозат диҳед, зану фарзандонамро ба деҳа биёрам,- Суҳроб инро гуфта, чашмонашро ба замин дӯхт. Метарсид, ки падараш исён мебардорад, вале ғайричашмдошти Суҳроб мӯйсафед хабари зандории писарашро оромона қабул кард.

- Суҳробҷон, чаро пештар нагуфтӣ, ки ту дар шаҳр зану бача дорӣ? Майлаш, ман розӣ, зану фарзандонатро биёр, вале аввал ба ин занат ҳамаашро ба хубӣ фаҳмон ва ӯро бурда, дар хонаи падару модараш монда биё. Зиндагие, ки дар он ишқ набошад, магар зиндагист?! Дар кисаи костюми ман пул ҳаст, рафта гир, барои аз таваллудхона баровардани набераам даркор мешавад,- падар даст ба дуо бардошта, аз даргоҳи Худованд умри дарозу бобаракати писару келину набераҳояшро талабид, аммо…

Фоҷиа

Суҳроб дуои падарро гирифта, аз хона баромад, вале на бо ҳамсари қонуниаш суҳбати ошкоро карду на барои баровардани зану фарзандаш ба таваллудхона рафт. Кадом қувваи ноаёне ӯро ба оғилхона кашид ва ҷавони паҳлавон ба шифти болор ресмонеро партофта, ҳалқаи дорро ба гардан андохта, курсии зери пояшро якбора шатта зад. Ҷуссаи паҳлавононааш чанд бор дар расан мисли мори захмхӯрда печутоб хӯрд ва Суҳроби ормонӣ ҷони ҷавонашро дар ҳалқаи дор ба ҷонофарин супурд…

Шумхабар

Модари зори Суҳроб бехабар аз ин бозии тақдир ба беморхона ба аёдати духтараш мерафт. Ҳанӯз ба бемористон нарасида буд, ки телефонаш занг зад. Дилаш худ аз худ сиёҳ шуда, аз пешомади ногуворе дарак дод. Осемасар гӯшакро бардошт.

- Очаҷон, баргардед, акаам Суҳроб худашро ба дор овехтааст!

Бо шунидани ин шумхабар аз забони писари хурдиаш модарро гӯё барқ зад. Кампир фиғони ҷонсӯз кашида, гирякунон аз ронанда хоҳиш намуд, ки ӯро ба хонааш барад. Ронанда мошинро бодвор давонда, ӯро ба зудӣ ба манзилаш расонд, вале алакай кор аз кор гузашта, писари паҳлавонаш бо манаҳи баста мехобиду хона мотамсаро гашта буд. Суҳроби ғӯррамаргро бо нолаҳои ҷонсӯз ба хок супурданд. Амаки Субҳон то ҳол ҳайрон аст, ки чаро писараш ба ҷони ҷавони худ ҷабр карда, даст ба худкушӣ зад. Касе аз пайвандон ва дӯстону рафиқони Суҳроб низ ба ин савол ҷавоб дода наметавонад. Суҳроби ҳамеша хомӯш асрори маргашро низ хомӯшона бо худ ба дунёи абадӣ бурд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД