Салом! Ман Тахмина, сокини ноҳияи Темурмалик. Зани 53-сола ҳастам ва касалии қанд дорам. Андак зиқ шавам, қандам баланд шуда, чашмонам хира мешаванд. Духтурҳо ба ман тавсия доданд, ки ҳамеша оби хуч –шиповник нӯшам. Ростӣ, боварам намеояд, ки ҳамин хучи одӣ ба дарди ман даво шуда тавонад. Дар сомонаи Оила. ТЧ баъзан табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ баромад карда, ба беморон маслиҳат медоданд. Ман ҳам бо умеди аз ин табиби машҳур ягон маслиҳати муфид гирифтан ба шумо муроҷиат намудам.
Таҳмина аз н. Темурмалик.
Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ
Дар ҳақиқат хуч давои бемисл аст. Мо хучро ба гирифторони иллатҳои ҷигар, талхадон, гурда, ғадуди сипаршакл ва касалиҳои дигар тавсия медиҳем. Хуч махсусан барои шахсоне, ки мубталои диабети қанд ҳастанд, беҳтарин даво аст. Касе, ки касалии қанд дорад, агар ҳар рӯз ба ҷойи чой оби хуч нӯшад, дар муддати кӯтоҳ қанди хунаш паст фаромада, ҳолаш рӯ ба беҳбудӣ мениҳад. Хучро дар тибби суннатии мо настаран меноманд. Яке аз хусусиятҳои хоси настаран дар он аст, ки сатҳи қандро дар хун баланд шудан намемонад. Оби хучро дар бозор ҳам мефурӯшанд, вале ман ба маризон тавсия намедиҳам, ки хучро дар хона худашон ҷӯшонда, обашро бинӯшанд. Дар охир ҳамчун табиб таъкид карданиям, ки барои гирифторони диабети қанд шарти аз ҳама муҳим риоя намудан ба парҳез аст. Шахсоне, ки ба касалии қанд гирифтор ҳастанд, муддати 10 рӯз гречкаро ба намак обпаз карда хӯранд, қандро паст ва сангинии пойҳоро бартараф карда, хатари сар задани гангренаро пешгирӣ мекунад.