Sebiston new 2024 october
ХУҶАСТАИ МИРЗОВАЛӢ: САНЪАТАМ АЗ ШАВҲАР МУҲИМТАР АСТ!
2340

 

Хуҷастаи Мирзовалӣ, операсарои 27-солаи тоҷик ахиран гуфт, ки ҳунару истеъдодаш аз шавҳар муҳимтар аст ва намехоҳад бо марде издивоҷ кунад, ки зидди санъаташ бошад.

Овозхон ин нуқтаро дар барномаи интернетии “Рӯ ба рӯ”-и сомонаи “Oila.tj” зикр кардааст. “Ҳамон марде, ки дар зиндагии ман пайдо мешавад, бояд аз аввал донад, ки ман ҳунарманд ҳастам. Ман аз хурдӣ дар мактаби мусиқӣ таҳсил кардаам ва баъдан таҳсиламро дар Аврупо идома додаам. Хулоса, аз 27 соли умрам, ними зиёдашро ба мусиқӣ бахшидаам.Нафаре, ки маро дӯст медорад, бояд зидди санъатам набошад, баръакс маро дастгирӣ кунад. Ҷавоби аниқ ҳамин, ки ман аз санъат даст намекашам”,-мегӯяд, овозхон. 

Ӯ дар идома афзудааст, ки санъат мисли роҳи қатора асту рост рафтанро тақозо мекунад ва агар каҷ рафтӣ, шояд муваффақ нашавӣ. Хуҷастаи Мирзовалӣ имрӯзҳо камтар дар жанри опера суруд месарояд ва ба иҷрои таронаҳои халқиву эстрадӣ рӯ овардааст. Чанд суруде, ки ӯ ҳамроҳи Мадина Ақназарова бозхонӣ карданд, аз ҷониби мардум хуш пазируфта шуд. Ҳоло Хуҷаста дар Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Дар ҷодаи санъат сарпараст надорад ва ҳамеша ба ҳунару истеъдодаш такя мекунад, зеро ӯ иштирокчии фаъоли чорабиниҳои давлатист.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД