arzon replenishment
Хуҷанд мисли Дубай зебо мешавад
1390

Дар соҳили Сирдарё иншооти нави замонавӣ бунёд меёбанд, ки дар шукӯҳу шаҳомат аз биноҳои машҳури шаҳрҳои пешрафтаи олам монданӣ надоранд. Хуҷанд бо тарҳи наваш ба мисли Дубай зебо гашта, ба маркази сайёҳиву тиҷоратӣ дар минтақа табдил хоҳанд ёфт...

Бо ин мақсад як гурӯҳ муҳандисон ва мутахассисони соҳаи сохтмон ба Аморати Муттаҳидаи Араб ва Давлати Қатар сафар карда, таҷрибаи бунёди иншооти замонавӣ дар соҳилро омӯхтпанд.

Дирӯз дар шаҳри Хуҷанд маросими муаррифии лоиҳаҳои иншооти дар соҳили Сирдарё бунёдшаванда доир гардид, ки дар заминаи омӯзиши таҷрибаи ин кишварҳо омода шудаанд.

Бояд гуфт, ки дар соҳили Сирдарё бунёди инфрасохтори зарурӣ барои рушди сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхонаву тарабхонаҳои брендӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои истироҳату фароғати сокинон дар соҳил роҳҳои пиёдагард сохта мешаванд.

Дар шафати соҳил бунёди биноҳои баландошёнаи гуногун дар назар дошта шудааст, ки метавонад шаҳри Хуҷандро ҳамчун маркази сайёҳиву истироҳатӣ дар минтақа муаррифӣ намояд.

Тавре “Ховар” хабар додааст, барои иҷрои корҳо аз ҷониби ширкатҳои ватании «Шаҳрофар», «Саноатсоз», «Сохтмон ва меъморӣ», «Лоиҳакаш», «САНИИОСП» ва дигарон як қатор лоиҳаҳо омода шудааст. Дар вақти азназаргузаронии лоиҳаҳо барои такмили онҳо, ба назар гирифтани санъати меъмории миллӣ дар вақти сохтмон, назорати доимии раванди корҳо ва сифати сохтмон ба ширкатҳои лоиҳакашиву сохтмонӣ дастуру тавсияҳо дода шуд.

Аз ҷониби ширкати «Тиниал» лоиҳаи роҳи нимҳалқа, инчунин тарҳи роҳи оҳани Спитамен-Истаравшан, Спитамен-Истиқлол муаррифӣ гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД