Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Вилояти Суғд фарроши ҳоҷатхонаи Бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷандро, ки одамонро дар туалет фол медидааст, дастгир карданд.
Бино ба гузориши Акбар Шарифӣ, котиби матбуотии РВКД ҶТ дар вилояти Суғд ин зан Лутфӣ Шарифова ном дошта, 61-сола аст.
Ӯ дар ҳоҷатхонаи бозори марказии “Панҷшанбе”, ки қисмати серодамтарини шаҳр маҳсуб меёбад, ба ҳайси фаррошу шӯянда кор мекардааст ва барои ба даст овардани пули бедардимиён одамони содаву зудбоварро ба домаш афтонида дар ҳоҷатхонаи бозор “фол”-и корафтодагонро медидааст. Фолбин-фаррош худро донандаи илмҳои динию дунявӣ гирифта аз корафтодагон 50 сомонӣ мегирифтааст.
Айб дар ош аст ё дар мош?
Афзоиши сеҳру ҷодугарӣ ва фолбинию фолбинҳо рӯ овардани иддае аз шаҳрвандн, махсусан занну духтарон боиси нигаронии фаъолони ҷомеа ва масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гаштааст.
Андешаҳо дар бораи соҳирону ҷодугарон гуногун аст, яке фолбинҳоро ба он гунаҳкр месзад, ки бо ҳар роҳу восита ба боварии шаҳрвандони гумроҳу зудбовар даромада, пули онҳоро кашида мегиранд, дуюмӣ айбро дар худи шавҳрвандон дониста мегӯянд, аз сабаби суст будани ирода, паст будани дониши динӣ ва коста будани имону ихлосашон ба Зоти ҳақ рӯ ба ҷодугарону фолбинҳо меоранд.Маълум нест, ки айб дар ош аст ё дар мош, вале ҳамарӯза дар васоити ахбори омма хабарҳои мухталиф дар боби дастгир шудани ин ё он фолбин ё ҷодугар пайдо шуда, ин ба номи ғайдонҳоро ҷарима мебанданд, аммо аҷибаш он аст, ки ба ҷойи камшавӣ шумораашон торафт бештар шуда истодааст.
Худованд дар китоби муқаддаси Қуръон сеҳру ҷодуро ҳаром дониста, шахсонеро, ки ба фолбину ҷодугар ихлос карда, эътимод мебанданд, лаънат кардааст. Аз назари қонун низ машғул шудан бо фолбинию ҷодугарӣ ҷиноят ба ҳисоб меравад ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла кормандони мақомоти милитсия шабу рӯз барои аз байн будани ин падидаи номатлуб рейдҳои зиёде мегузаронанд.
Фолбинон муҷозот мешаванд, вале...
Ҳанӯз соли 2019 сардори Раёсати корҳои дохилаи Вилояти Суғд Абдулло Навҷувонов дар посух ба саволи мо гуфта буд, ки ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ бештар дар шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Хуҷанд ошкор ва ба қайд гирифта шудааст. Навҷувонов аз мавҷуд будани чунин падидаҳои номатлуб ва шаҳрвандонро гумроҳсозанда нигаронӣ карда гуфта буд
“Тибқи моддаи 482 (Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои фолбинон пурзуртар карда мешавад. Мувофиқи қонуни зикршуда аз фолбину сореҳоне, ки бори якум ва дуюм ба даст меафтанд, ҷарима ситонда мешавад,аммо бори сеюм ҳамчун ҷазо корҳои ислоҳӣ ва маҳрум намудан аз озодӣ пешбинӣ шудааст. “
Навҷувонов таъкид карда буд, ки баҳри решакан кардани фолбинию ҷодугарӣ дар ҷомеа бояд сокинони кишвар фаъол бошанд. Ба дурӯғҳои фолбинҳову ҷодугарон дода нашуда, бари дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти милитсия ошкор намудани амалҳои чунин шахсони фиребгар талош намоянд.
“Мубориза бо фолбинию ҷодугарӣ танҳо кори мақомоти милится нест. Ин кори дастаҷамъӣ аст, ҳам журналистон, ҳам сокинони фаъоли ҷомеа бояд дар мубориза бо ин гуна шахсон муттаҳид шуда, якҷоя корбарӣ кунем!”