Авазова Дилфуза ҷавондухтари паричеҳра ва орзупарвар мактабро хатм намуда, бо сад умеду орзуи нек по ба боргоҳи Донишкадаи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати шаҳри Хуҷанд гузошт. Чун соли аввали таҳсили Дилфӯза дар донишкада аст, ба ҷуз илм омӯхтану дониш андӯхтан дигар ҳавасе дар дил надошт. Аммо...
Авазова Дилфӯза Расуловна рӯзи 8-уми октябри соли равон соати 9:00 саросемавор дждемпери дарози клоҳдор (капюшон), шими сиёҳ ва крассовкии сафедранги худро пӯшида, бо нияти ба дарс рафтан зуд аз хона ҷониби донишкада раҳсипор гардид. Вале бо ҳамин баромадан дигар ба хона барнагашт. Хешу табор, ёру ҳамсоя, милисаю истифодабарандагони интернет 4-рӯз боз Дилфӯзаро меҷӯянд, аммо ҳанӯз кофтукоб натиҷае надодааст.
Ҳамкурсони Дилфӯза изҳор доштаанд, ки ӯ ҳамон рӯз ба дарс ҳам ҳозир нашудаас, пас маълум мешавад, ки ӯ дар роҳ гум шудааст.
Ҳамаи он нафароне, ки Дилфӯзаро дидаанд ва ё дар борааш ягон иттилое дошта бошанд, лутфан бо рақамҳои зерин дар тамос шавед: 934222727; 919103785;
Ё метавонед ба наздиктарин шуъбаи милиса хабар диҳед. Ҳар иттилои шумо барои ёфтани Дилфӯза ҳалкунанда аст.