Formula novemver 2024
ХУҶАНД: БАҲРОМ НАЗИРРО ҚАСДАН БО МЕРСЕДЕСС ПАХШ КАРД
3950


Илму техника бо суръат пеш меравад ва зоҳиран инсоният низ бояд боақлтару комилтар гардад, аммо ҳаводиси солҳои охир аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки иддае аз зодагони банни инсон баръакс рафт аз лиҳози ахлоқию маданӣ харобтар гашта истодаанд. Ҳисси раҳму шафқат ва одаму одамгарӣ сол то сол камтар шуда, ҷойи онро дар ҷомеаи муосир кибру ғурур, кинаву адоват, худхоҳию худпарастӣ ва ишқи пулу мол мегирад.

Далели равшани ин гуфтаҳо авбошӣ, занозанӣ, дуздӣ, куштор ва дигар амалҳои ваҳшиёнае мебошанд, ки вақтҳои охир дар ҷомеаи мо тез-тез рӯй медиҳанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз содир шудани боз як кирдори бераҳмонаи ҷиноӣ дар шаҳри Хуҷанд хабар додааст.

Воқеа дар кӯчаи Ҷалолиддини Балхӣ сар задааст. Спутник дар такя ба ВКД ҳодисаро чунин шарҳ дода, мегӯяд, байни Баҳром Мирбобоеви 37-сола ва Далер Ҳасанови 25-сола баҳсу мунозира ба миён омада, муноқишаи лафзӣ ба занозанӣ кашид. Роҳгузарон ба байн даромада, рақибонро аз ҳам ҷудою ором месозанд, аммо баъдан Назир Ҳасанов-амаки Далер Ҳасанов аз моҷаро огоҳӣ ёфта, бо ҳамроҳии ҷиянаш “барои гуфтугӯ” ба хонаи Баҳром Мирбобоев мераванд.

Дар манзили Мирбобоев муноқиша дубора авҷ гирифта, соҳибхона мошини сабукрави “Мерседдес”-ашро қасдан ба рӯйи Назир Ҳасанов меронад ва ӯро пахш мекунад. Баҳром Мирбобоев ба ин ҳам қонеъ нагашта, мошинро ба қафо ронда, ин дафъа бо Мерседдес аз болои ҷисми ҷабрдида гузаштааст.

Назир Ҳасанов дар натиҷаи ин кирдори соҳибхона ҷароҳат бардошта, ба бемористон интиқол дода шуд, нисбати Баҳром Мирбобоев ва Далер Ҳасанов бошад, бо итиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД