Маҳсулоти лозима:
Шикамба ва почаи гӯсфанд
Гандум - 2 коса
Нахӯд, лӯбиё - 1 коса
Пиёз - 4 дона
Об - 5 литр
Намак - мувофиқи табъ
Гашнизу шибит ва пиёзи сабз - мувофиқи табъ
Тарзи таҳия:
Ба дег об андохта, почаи гов ё гӯсфандро ба дарунаш андозед ва муддати 2 соат дар оташи миёна ҷӯшонед. Пас аз ин почакро аз дег гирифта, гӯшташро аз устухон ҷудо кунед ва устухонро партофта, дубора гӯштро ба дег андозед. Гандуми кӯфташуд андозед ва боз як соати дигар ҷӯшонед. Гандумҳо, ки хуб ҷӯшида кафиданд, як коса нахӯд ва лӯбиёи пешакӣ дар об таркардашударо ба дег андозед ва муддати 4 соат ҷӯшонед, сипас 4 дона пиёзро гирд-гирд реза карда, ба дег андозед ва боз 1 соати дигар дар оташи паст ҷӯшонед. Ба дег намак пошед ва гашниз, шибит ва пиёзи сабзро реза карда андозед. Барои бӯйи почакро нест кардан метавонед аз маводи хушбӯйкунандаи барои таом (приправа) истифода баред.
Баъди пухтанаш гандумкӯчаро ба табақ бардоред ва ба болояш гашнизу пиёзу шибити резакардашуда, агар хоҳед, мурчу қаланфур пошед.
Одатан ин хӯрокро дар табақҳои чӯбин мекашанд. Гандумкӯча хӯроки лазиз буда, аз ҷумлаи ғизоҳои қадимию суннатии миллии тоҷикӣ ба ҳисоб меравад.