Маҳсулоти зарурӣ:
300 грамм занбурӯғ, 200 грамм гӯшти мурғ, 4 тухм, 200 грамм картошка, 200 грамм сабзӣ, 100 грамм кабудӣ, 380 грамм майонез, намак.
Тарзи таҳия:
Сараввал гӯшти мурғ, тухм, картошка ва сабзиро дар об ҷӯшонед. Гӯшти мурғро маҳин реза карда, тухм, картошка ва сабзиро аз тарошак гузаронед. Дар табақи хӯришгирӣ аввал кабудиро тунук карда, баъдан маҳсулотро рӯи ҳам тунук намуда, майонез илова кунед. Дар охир хӯришро бо занбурӯғ ороиш диҳед.