Маҳсулоти лозима:
300 грамм боимҷон, 200 грамм бодиринг, 150 грамм помидор, 150 грамм панир, 2 дандона сирпиёз, 10 дона меваи зайтун, 20 грамм орд, 70 грамм майонез, намаку мурч.
Тарзи таҳия:
Боимҷонро ҳалқашакл ба андозаи 1 см реза карда, намак пошеду 15 дақиқа нигоҳ доред. Сипас шуста, баъди хушконидан боимҷонро дар орд ҷӯлонед. Ба тоба равған молида, боимҷонро тунук кунеду аз ду тарафаш сурх кунед. Панирро аз турбтарош гузаронида, ба он майонез ва сирпиёз илова кунед. Бодирингу помидорро тунук реза карда, ба болои боимҷони пухта қимаи панириро гузоред ва бо помидору бодиринг ва меваи зайтун оро диҳед.