Маҳсулоти лозима:
150 г лӯбиёи сурхи консерва, 120 г замбурӯғ, 120г ҳасиб (ветчина), 120 г панири сахт, 1 дона сабзӣ, 1 дона пиёз, майонез, шибит.
Тарзи таҳия:
Пиёзро чоркунҷа реза карда, сабзиро аз турбтарошак гузаронед. Пиёзу сабзиро дар тоба сурх карда, ба даруни зарфи чуқур андозед. Ба он ҳасиби ба таври наргисӣ резашуда ва замбурӯғи очонидашударо илова кунед. Панири аз турбтарош гузаронидашуда, шибити реза ва майонез илова карда, хӯришро омехта созед.