Маҳсулоти лозима:
200 грамм гӯшти лаҳми мурғ, 100 грамм ҷуворимаккаи очонидашуда, 2-3 картошка, 2 тухм, 1 бодиринг, шибит, 2 қошуқ майонез, намак.
Тарзи таҳия:
Гӯшти мурғ, картошка ва тухмро дар об пухта, пӯст кунед. Гӯшти мурғ, бодиринг, картошка ва тухмро чоркунҷа реза карда, ба даруни зарфи чуқур гиред. Ҷуворимаккаи очонидашуда ва майонезро ба он илова карда, мувофиқи табъ намак илова кунед. Хӯришро нағзакак омехта намуда, ба табақи хӯришгирӣ бардореду бо шибити маҳин резашуда оро диҳед.