Маҳсулоти лозимӣ:
1 банка озодмоҳӣ (горбушка)
1 пиёз
Пичении шӯрак (крекер) 50-60г
100-150г панир
Майонез, шибит
1 тухм
Тарзи таҳия:
Пиёзро маҳин реза карда, дар оби ҷӯшидаистода мешӯем ва аз турбтарош мегузаронем. Моҳиро бо чангак лат зада, тухмро дар об мепазем.
Хӯришро қабат ба қабат майонез молида, тунук мекунем. Аввал пиёз, дуюм пичении шӯрак, сеюм панир, чорум боз пиченӣ ва ниҳоят дар қабати панљум озодмоҳиро тунук карда, аз болояш тухмро аз турбтарош мегузаронем. Хӯриш тайёр шуд. Иштиҳои том!