Маҳсулоти лозима:
200 грамм гӯшти мурғи обпаз, 200 грамм ананаси очонидашуда, 100 грамм панир, 4 тухм, 100 грамм майонез, намак.
Тарзи таҳия:
Гӯшти пухтаи мурғ ва ананасро чоркунҷа реза кунед. Сафедиҳои тухмро аз зардӣ ҷудо карда, аз турбтарош гузаронед. Дар хӯришгирак аввал гӯшти мурғро гузошта, намаку мурч ва майонез молед. Аз болояш ананаси резаро тунук карда, панири аз турбтарош гузаронидашударо пошед. Аз болои панир аввал зардиҳои тухм ва баъдан паниру ананаси резаро тунук карда, хӯришро табъи дил оро диҳед.