Маҳсулоти лозима:
100 грамм ҳасиби дудхӯрда, 100 грамм панири сахт, 3 дона тухми обпаз, 140 грамм ҷуворимаккаи очонидашуда, 1 дандона сирпиёз, 80 грамм майонез.
Тарзи таҳия:
Ҳасибу тухмҳоро ба шакли чоркунҷа реза кунед. Панирро аз турбтарош гузаронед. Дар даруни зарфе ҳасибу тухми реза ва ҷуворимаккаи очонидашударо якҷоя кунед. Сирпиёзро бо асбоби махсуси майдакунӣ ё табъи дили худ қимма намоед. Тамоми маҳсулоти омодашударо бо майонез омезиш диҳед. Хӯришро дар шакли хорпуштак дар лаълӣ гирифта бо кабутӣ оро дода метавонед.