Маҳсулоти лозима:
1 лаблабӯ
1 сабзӣ
2 бодиринг
каме карам
1 картошка
1 чормағз
майонез
Тарзи таҳия:
Сабзӣ ва лаблабӯи хомро маҳин реза кунед ё аз турбтароши сурохиҳояш дарозрӯя ба таври наргисӣ гузаронед. Караму бодирингро хурд реза карда, чормағзро андаке кӯбед. Картошкаро борик реза карда дар равған бирён кунед. Ҳама сабзавоти номбурдаро дар табақ паҳлӯи ҳам гузошта дар мобайнаш майонезу чормағз резед. Ба ҷои чормағз гӯшти обпухтаро истифода бурдан мумкин аст.