Маҳсулоти лозима:
Гӯшти лаҳми мурғ,6 тухми обпаз, 250 г панири сахт, 250 г замбурӯғ, 1 стакон чормағз, 2 пиёзи сафед, 1 пора сирпиёз, майонез.
Тарзи таҳия:
Тамоми маҳсулотро қабат ба қабат тунук карда, бо чангак сахт зер кунеду майонезро тунук молед.
Гӯшт ва замбурӯғро мувофиқи табъ иловатан намаку мурч зада метавонед. Маҳсулоти номбаршударо бо чунин пайдарпаӣ рӯи ҳам тунук кунед: гӯшти чоркунҷа резашуда, чормағзи реза, пиёзу замбурӯғи дар равған зирбондашуда, тухмҳои аз турбтарош гузаронидашуда, панири бо сирпиёзи майдашуда омехташуда.