arzon replenishment
Хӯриши «Бону»
27.04.2025
Oila.tj
297

Маҳсулоти лозима:

1 қуттии консерваи озодмоҳӣ (лосось), ½ қуттӣ ҷуворимаккаи очонидашуда, 1 пиёз, 5 тухм, 150 грамм панири сахт, 2 себ, 2 қошуқ шарбати лимӯ, майонез, намаку мурч.

Тарзи таҳия:

Озодмоҳии консерваро аз обаш ҷудо карда, бо чангак лат занед. Тухмҳоро дар об пухта, баъди хунук шуданаш аз зардияш ҷудо кунед. Зардиҳои тухмро бо чангак лат зада, сафедиҳояшро аз турбтарош гузаронед. Панирро низ аз турбтарош гузаронед. Пиёзро маҳин реза кунед. Себро пӯст карда, аз турбтарош гузаронеду шарбати лимӯ пошед. Хӯришро ба таври зерин қабат ба қабат тунук кунед: озодмоҳӣ, пиёз, зардиҳои тухм, майонез, себ, панир, майонез, ҷуворимакка, сафедиҳои тухм, майонез.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД