arzon replenishment
Хӯриши “Баҳор”
24.03.2025
Oila.tj
284

Маҳсулоти лозима:

250 грамм гӯшти мурғ, 2 пиёз, 3 тухм, 3 себ, 0,5 ст чормағз, 100 грамм панири сахт, 1 лаблабуи обпаз, 200 грамм майонез, кабудӣ.

Тарзи таҳия:

Гӯшти мурғ, тухм ва лаблабуро дар об пухта, пиёзро реза карда, дар сиркои бо об омехташуда тар кунед. Гӯштро ба таври наргисӣ реза карда, тухм, себ, панир, чормағз, лаблабуро аз турбтарош гузаронед. Маҳсулоти хӯришро ба таври зерин қабат ба қабат рӯи ҳам оро диҳед: гӯшт, пиёз, тухм, себ, чормағз, панир, лаблабу. Ба ҳар қабат майонез молида, дар охир сафедиҳои аз турбтарош гузаронидашудаи тухмро дар оби лаблабу тар карда, обашро полонеду бо баргҳои ҷаъфарӣ хӯришро оро диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД