Arzon march 2024
Хӯриш бо номи “Нозук”
21.11.2024
ОИЛА.ТҶ
764

Маҳсулоти лозима:

2-3 линги мурғ, 100 грамм панир, 50 грамм олуқоқи сиёҳ (чернослив), 3 тухм, 2 сабзӣ, 2 киви, 1 анор, 4-5 қошуқ майонез, намак.

Тарзи таҳия:

Гӯшти мурғро пухта аз устухон ҷудо ва майда реза карда, дар табақ истаконеро гузошта, атрофи он тунук кунед. Аз рӯи гӯшт каме майонез молида, олуқоқи маҳин резашударо тунук кунед. Қабати сеюм тухми маҳин резашуда ва майонезро илова кунед. Баъдан сабзии обпазро аз турбтарош гузаронида, бо майонез илова кунед. Баъд аз он ки панири аз турбтарош гузаронидашударо бо майонез илова кардед, дар атрофи хӯриш пораҳои кивиро чида, истаконро гиреду онро бо донаки анор оро диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД