Formula novemver 2024
Хӯриш бо мурғ ва замбурӯғ
981

Маҳсулоти лозима:

150 грамм гӯшти мурғ, 2 тухм, 100 грамм замбурӯғ, 1 пиёз, 100 грамм панир, 2 дандона сирпиёз, 50 грамм чормағз, 100 грамм майонез.

Тарзи таҳия:

Пиёзро маҳин реза карда, замбуруғро дар намакоб 15 дақиқа ҷӯшонеду ҳардуяшро дар равғани тоба бирён кунед. Тухмҳоро пухта, аз турбтарош гузаронед. Сирпиёзро куфта, панирро аз турбтарош гузаронед. Дар тақсимча паниру сирпиёз ва майонезро омезиш дода, хӯришро ба таври зерин қабат ба қабат тунук кунед: қабати аввал гӯшти мурғ ва майонез, қабати дуюм тухму майонез. Қабати сеюм замбурӯғ бо пиёз ва майонез, қабати чорум панир бо сирпиёз ва қабати панҷум чормағзу майонез.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД