Маҳсулоти лозима:
100 г сабзӣ, 300 г картошка, 200г лаблабӯ, 200 г бодиринги очонидашуда, 150 г майонез, намак.
Тарзи таҳия:
Сабзӣ, картошка ва лаблабӯро дар об пухта, пӯст кунеду бо бодиринги очонидашуда чоркунҷа реза кунед. Тамоми маҳсулоти резашударо ба зарфи чуқур андохта, намаку майонез илова карда, омезиш диҳед.