Маҳсулоти лозима:
100 грамм фунчоза, 400 грамм гӯшти мурғ, 2 дона сабзӣ, 1 қаланфури булғории сурх, 1 қошуқ кунҷид, 2 қошуқ равғани растанӣ, 2-3 дандона сирпиёз, 4 қошуқ соуси соя, соус барои фунчоза.
Тарзи таҳия:
Гӯшти мурғро майда карда, дар равған 10 дақиқа бирён кунед. Соуси соя ва сирпиёзи резашударо илова карда, гӯшти мурғро боз 4-5 дақиқаи дигар пазед. Ба фунчоза оби ҷӯшида рехта, обашро полонеду дар оби хунук шӯйед. Сабзиро аз турбтарош гузаронида, қаланфури сурхро низ наргисӣ реза кунед. Дар зарфе фунчозаро бо гӯшти мурғ, сабзӣ, қаланфур, мурч, адвиёти фунчоза омехта карда, кунҷид андохта, омехта кунед.