Formula novemver 2024
Хӯриш бо чипс
2271

Маҳсулоти лозима:

  • 4 дона тухм;
  • 250 грам гӯшти мурғ;
  • 150 грам ҷуворимаккаи консервашуда;
  • 150 грам занбурӯғи консервашуда;
  • 150 грам майонез;
  • 40 грам чипс.

Тарзи таҳия:

Дар аввал гӯшти мурғро дар об ҷӯшонда, майда реза карда, дар зарфи хӯришгирӣ гирифта, майонез мекунем. Баъдан, ҷуворимаккаро аз болояш монда, майонез мекунем. Занбурӯғҳои консервашударо аз болояш монда, майонез мекунем.

Тухмҳоро зардиашро аз сафедиаш ҷудо мекунем ва дар алоҳидагӣ аз тарошак мегузаронем. Сафедиашро аз болояш гирифта, майонез мекунем.

Пас аз он зардиашро аз болояш мегирем ва майонез мекунем. Чипсҳоро барои оро додани хӯриш аз болояш мечинем.

Бо иштиҳо бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД