Маҳсулоти лозима:
300 грамм гӯшти мурғ, 100 грамм сабзии куриёӣ, 30 грамм панири сахт, 3 тухм, 2 бодиринги очонидашуда, пиёзи сабз, майонез, намак.
Тарзи таҳия:
Гӯшти мурғ, тухм ва бодирингро чоркунҷа реза кунеду хӯриши сабзигӣ, яъне хӯриши сабзигии кореягиро низ реза кунед. Панирро аз турбтарош гузаронед. Тамоми маҳсулоти номбаршударо махлут карда, майонез илова кунеду дар табақ бардошта, аз болояш пиёзи сабзи реза пошед.