Дар рӯзҳои истироҳат ҳар як зан мехоҳад ягон таом ё хӯриши бомазза тайёр карда, хотири аҳли оилаашро шод гардонад. Имрӯз мо ба шумо, хонумҳои гиромӣ тарзи тайёр кардани як хӯриши болаззатро аз мурғ ёд медиҳем.
Маҳсулоти лозима:
200 г гӯшти мурғ, 80 г панири сахт, 3 тухм, 1 бодиринг, 2 қошуқ равғани растанӣ, 3 қошуқ майонез, намаку мурч.
Тарзи таҳия:
Тухмро баъди дар об пухтан, дар оби сард хунук кунонед. Гӯшти мурғро начандон калон реза карда, намаку мурч пошеду дар равғани растанӣ 7 дақиқа бирён кунед. Тухмро пӯст карда, аз турбтароши сӯрохиҳояш васеъ гузаронед, баъди он панирро низ аз турбтарош гузаронед.
Тухму панирро ба зарфи чуқур гирифта, бодирингро ба таври наргисӣ реза кунед. Гӯшти пухтаи мурғро низ ба таври наргисӣ реза карда, тамоми маҳсулоти номбаршударо бо майонез омезиш диҳед.