Маҳсулоти лозима:
250 г панири сахт
2 тухми обпаз
170 г моҳии консерваи самак (тунец)
2-3 дандона сирпиёз
каме кабутӣ
Тарзи таҳия:
Панирро аз турбтароши сурохиҳояш хурд гузаронед. Ба панир моҳии консерваро илова кунед. Тухмҳои обпазро хурд реза карда, бо сирпиёзи кӯфта ба паниру моҳӣ аралаш кунед. Хӯришро бо кабутӣ ё пораҳои помидор оро додан мумкин аст.