Маҳсулоти лозима:
2 тухм, 1 бонка моҳии консерваи сайра, 1 дона пиёз, намак, мурч, 3 қошуқ майонез.
Тарзи таҳия:
Тухмҳоро дар об пухта, баъди хунук шуданаш майда реза кунед. Оби моҳии консерваро полонида, устухонҳои калонашро ҷудо карда партоед. Моҳиро бо чангак лат зада, бо пиёзи маҳин резашуда, намаку мурч ва майонез омезиш диҳед.