Маҳсулоти лозима:
2 дона лаблабу, 100 грамм лӯбиёи сурх, 1 дона себи сабз, пиёзи сабз, 2 қошуқ равғани растанӣ, намак.
Тарзи таҳия:
Лаблабуро дар об як соат, лӯбиёро дақиқа 40 ҷӯшонеду хунук кунонед. Лӯбиёи пухтаро ба зарфи чуқурандохта, лаблабӯро пуст канда, чоркунҷа реза кунед ва ба лӯбиё илова кунед. Дилаи себҳоро чоркунҷа реза намуда, ба хӯриш илова кунед. Пиёзи сабзи резарониз, якҷоя бо равғани растанӣ ба хӯриш илова карда, нағзакак омехта намоед.