Маҳсулоти лозима:
4 лаблабу, 5 қошуқ нахӯди сабз, 4 бодиринги очонидашуда, 2 дандона сирпиёз, 50/50 қаймоқ (сметана) ва майонез.
Тарзи таҳия:
Лаблабуро пухта, аз турбтарошаки сӯрохиҳояш васеъ гузаронед. Бодирингро ба таври наргисӣ реза кунед. Сирпиёзро майда кунед. Тамоми маҳсулоти номбаршударо омезиш дода, мувофиқи хоҳиши худ қаймоқ (сметана) ва майонез илова кунед.