formula feb 2025
Хӯрданиҳои муфиде, ки кӯдаконро солим ва боақлу доно месозанд
16.04.2025
Oila.tj
513

Саломатӣ ва рушди равонию ақлонии кӯдак ба ғизое, ки мехӯрад, сахт вобастагӣ дорад. Барои он ки фарзадони шумо солим, зирак ва пурэнержӣ бошанд, ба хурду хӯрокашон бояд аҳамияти ҷиддӣ диҳед. Имрӯз мо ба шуом-модарони азиз дар бораи хӯрданиҳое маълумот медиҳем, ки барои солим, бардам ва босавод шудани кӯдакон ёрӣ мерасонанд.

Хӯрданиҳое, ки зеҳни кӯдакро тез донишомӯзиашро осон мегардонанд

Магзи бодом, чормағз, тухми мурғ, моҳӣ, хусусан моҳии равғандор, сабзавоти сабзранг (спанак, брокколи) ва овёс кӯмак мекунанд, ки майна кӯдак хуб рушд кунад ва зираку доно гардад.

Ғизои муфид барои хоби бароҳат ва ороми кӯдак

Шир, киви, банан, тухми каду, бодом ва шӯрбоҳои сабзавотӣ барои ором кардани асаб ва хоби бароҳати кӯдакон мусоидат мекунанд. Ҳамчунин, пеш аз хоб оби гарм ва муҳити ором низ муҳим аст.

Хӯрданиҳое, ки камхуниро пешгирӣ менамоянд

Камхунӣ на танҳо кӯдакро хаста мекунад, балки ба рушди ӯ таъсири манфӣ мерасонад, аз ҳам ин хотир гӯшт, махсусан ҷигар, лӯбиё, нохӯд, исфаноҷ, анор, лаблабу, хурмо ва ғизоҳои дорои витамини C барои беҳтар ҷаббидашавии оҳан тавсия дода мешаванд.

Ғизои муфид барои солимии дандонҳои кӯдакон

Шир, панир, йогурт, сабзавоти хом ба мисли сабзӣ ва бодирин, кунҷид чормағз инчунин оби кофӣ барои нигоҳ доштани тозагӣ ва устувории дандонҳои кӯдакон муҳиманд. Аз шириниҳои зиёд худдорӣ кардан ва пас аз ҳар хӯрок шустушӯи даҳон низ фаромӯш нашавад.

Ғизои муфид барои иммунитети кӯдакон

Системаи иммунитети кӯдак бояд ҳамеша қавӣ бошад. Барои ин модарон бояд дар ғизои ҳаррӯзаи кӯдак сабзавоту меваҳои тару тоза, хусусан сабзӣ, брокколи, афлесун, лимӯ, киви ва себро ворид намоянд. Истеъмоли йогурти табиӣ, асал (баъд аз 1-солагӣ), нахӯд, наск, моҳӣ ва шӯрбоҳои сабзавотӣ низ хеле муҳиманд. Ғизоҳои дорои витамини C ва A, инчунин оҳан ва руҳ, масалан тухми мурғ, гӯшти мурғи марҷон ва лӯбиё, иммунитетро қавӣ намуда, кӯмак мекунанд, ки кӯдак ба бемориҳои мавсимӣ гирифтор нашавад. Ҳамчунин, ҳавои тоза, хоби кофӣ ва фаъолияти ҷисмонӣ нақши калидӣ доранд.

Модарони азиз, ба хотири саломатии фарзандони азизатон, ғизои онҳоро бо муҳаббат ва диққат омода намоед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД