Arzon march 2024
Хӯрдани гӯшти хом барои мусалмонон ҷоиз аст?
825


Дар наздикии хонаи мо тарабхонае ҳаст. Ин тарабхона бо чанд намуд таоме машҳур аст, ки гӯшти он хом ё нимпаз аст.

Ин навъи хӯрок мизоҷони зиёд дорад. Оё барои мусалмон хӯрдани гӯшти хом ё нимпаз ҷоиз аст?
Меҳрафрӯз, зодаи Хуҷанд, муқими Олмон.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Баъзе аз донишмандон гуфтаанд, ки хӯрдани гӯшти хом макруҳ аст, вале саҳеҳтарин дидгоҳ ин аст, ки хӯрдани он мубоҳ аст, зеро асос дар чизҳо раво будани онҳо мебошад ва ягон далеле бар манъ будани он ворид нашудааст. Аммо ба шарте ҷоиз аст, ки зараре аз хӯрдани он ҳосил нашавад, дар ин сурат (яъне агар хӯрдани гӯшти хом зарар дошта бошад), хӯрдани он манӯъ ва ҳаром мегардад, зеро ҳар он чизе ки зарар мерасонад, ҳаром аст, ҳамонтавре ки Аллоҳ таъоло мефармояд: «Ва худро бо дасти хеш, ба ҳалокат наяфканед». (Сураи Бақара: 195).

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД