Formula september
Хотири бахт бо палонҷам созиш кунам?
1873

Салом ба муштариёни “Оила”. Ман як зани маъюби аз зиндагӣ наосуда мехоҳам сарнавишти талхи худро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам.

Аз модар маъюб ба дунё наомадаам, вале дар синни яксолагӣ ба ман воксина гузаронидаанд ва шояд ноҷо рафта бошад, ки баъди ҳамон сӯзандорӯи тақдирсӯз мани берӯзӣ маъюб шуда мондаам.

Ростӣ на ман ва на падару модарам умед надоштем, ки касе ба духтари маъюб талабгор мешавад, аммо бо амри тақдир тасодуфан бо як ҷавони комилан солим шинос шудаму вай ба қавли худаш бо як нигоҳ ошиқи зори ман гашта ба хонаамон хостгор фиристод.

Аввал падару модарам розигӣ надода гуфтанд, ки духтарам, ин ҷавон солим аст, як рӯз не, як рӯз туро партофта, зани дигар мегирад ва миёнаи роҳат мекунад, вале чун диданд, ки бо тамоми ҳастӣ ошиқ шудаам, ҳарчи бодо бод гӯён, моро фотиҳа карданд.

Аз афташ падару модари Диловар ҳам чандон ба ин издивоҷ розӣ набуданд, ки фақат се-чор либоси арзонбаҳо оварданд ва як тӯяки маъракамонанд ороста, бе карнаю сурнай маро арӯс карда бурданд. Тӯйи дакадангро надида бошам ҳам, худоро шукр мегуфтам, ки ниҳоят оҳи диламро шунида, маро бо чунин ҷавони зебо ва солим ҳамтақдир гардонд.

Ба қавли кампиракон мани ташнаи навозишу меҳрубонӣ бахтамро бо дандон маҳкам дошта, кӯшиш мекардам, ки дили шавҳарам ва аҳли оилаашонро ба даст биёрам. Азбаски поям ланг буд, бештар гаваккашон хона мерӯфтам, косаю табақ мешустам, либосҳои шавҳару хушдоманамро шуста дарзмол мекардам, то дар ҳаққам ягон айб наёбанд ва гапу хабари зиёдатӣ нашавад.

Ҳамин тавр ба маъюбиам нигоҳ накарда, бо ҷону дил хизмати аҳли оилаи шавҳарамро мекардам. Ҳамсарам аз ман розӣ буд ва мудом “туро бо сад зани солим иваз намекунам” мегуфт, вале...
Муддати 7 сол аҳлона зиндагӣ карда бошем ҳам, мо фарзандор нашудем.

Ростӣ шавҳарам дар бадали ин солҳо ҳарчи духтурон гуфтанд, карда, маблағи зиёдеро сарф намуд, аммо дар ба дари табибу муллою духтурхонаҳо давиданҳоямон ягон натиҷа надоду ба муроди дили худ нарасидем.

Аввалҳо шавҳарам маро тасаллӣ медод, ки ғам нахӯрам, худованд меҳрубон аст ва рӯзе соҳиби фарзанд мешавем, аммо оқибат косаи сабри ӯ низ лабрез гашт. Вақтҳои охир хабари ҳомиладор шудан ё таваллуд кардани ягон ҳамсоязан ё хешу табор ба гӯшаш расад, гизалагӣ карда, мушт ба дару девор мекӯфт, ки охир ту кай мезойӣ?!

Оби дидаам беихтиёр ба бари рӯям мешорид, аммо чизе намегуфтам. Фақат дар сари ҷойнамозам дуо мекардам, ки Худованд маро бебахт нагардонад ва фарзанди дӯстрӯеро насибамон гардонад, вале...

Рафта-рафта шавҳарам аз ман дилхунук шуд ва дигар шабҳо ба хона намеомадагӣ шуда монд. Намедонистам, ки куҷо мераваду шабро дар куҷо рӯз мекунад. Акнун ман барои шавҳарам гӯё вуҷуд надоштам, баъзан ба хона биёяд ҳам, маро гӯё намедид ва пушташро гардонда хоб мерафт. Ягон чиз пурсам, ба сарам дод мезад, ки дамата гирифта хоб раву ба асабам нарас!

Барои он ки хонавайрон нашавам, ҳамеша сирру асрори зиндагиамро аз падару модарам пинҳон дошта, мегуфтам, ки ману шавҳарам то ҳол чун Лайлию Маҷнун ошиқи зори ҳамдигарем, вале дар асл мисли сагу пишак будем.

Билохира, сирру арсори шавҳарам фош шуд ва фаҳмидам, ки барои худро санҷидан аз ман пинҳонӣ зани дигар гирифта, кӯдакдор ҳам шудааст. Вақте ки рост ё дурӯғ будани ин гапро пурсида, гиря кардам, шавҳарам нигоҳашро аз ман гурезонда гуфт, ки маъқул набошад, рафта шавҳар кун.

Зор-зор гиря карда, либосҳоямро ҷамъ кардам ва таксӣ киро карда бо чашми ашкбор ба хонаи модарам баргаштам.
Модарам “ба тақдир тан деҳ” гӯён, мудом маро насиҳат мекунад, ки шавҳарамро фаромӯш кунам, вале наметавонам. Ҳарчанд дар хонаи волидонам бошам ҳам, ҳушу ёдам ҳамеша бо шавҳарам аст, ки дар куҷо бошаду чи кор мекунад.

Шавҳарам ба суроғи ман наомада бошад ҳам, талоқамро надодааст. Дилам бо ёди бахти аввал гум зада, баъзан мехоҳам ба хонаи худам баргардам ва ба шавҳарам бигӯям, ки майлаш, хотири фарзандат бо он зан зиндагӣ кардан гир, аммо маро напарто, охир ман бе ту зиста наметавонам, лекин модарам “духтарам, ин фикрҳои хомро аз сарат дур кун, чунки тақсими бахт бисёр душвор аст.

Шавҳарат як рӯз не, як рӯз зани навашро бо фарзандонаш ба хона меорад ва ту бо дидани ин манзара бе дӯд сӯхта, хокистар мешавӣ” гӯён, маро аз роҳ мегардонад. Намедонам сарамро ба куҷо занам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД