sebiston july new
ХОРУҒ: 11 ДОНИШҶӮЮ 3 РОНАНДАИ ТОҶИК ДАР КАРАНТИН
4035

Як сокини ноҳияи Мурғоби ВМКБ ба сомонаи Oila.tj тамос гирифта, иттилоъ дод, ки шоми дирӯз 11 донишҷӯ аз Ҷумҳурии Қирғизистон тавассути шоҳроҳи Ош-Мурғоб ба шаҳраки Мурғоб омаданд. 

Тибқи гуфтаи манбаъ, онҳоро 3 ронандаи муқими ноҳия то маркази вилоят - шаҳри Хоруғ расонидаанд. Баробари расидан ба Хоруғ, мақомоти марбут ба соҳаи тандурустии ВМКБ аз пайи онҳо шуда, сари вақт 11 донишҷӯ ва 3 ронандаро дар Беморхонаи сироятии вилоят дар вазъияти карантинӣ фаро гирифтанд. 

Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон то имрӯз се нафари сирояшуда ба бемории коронавируси навъи COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Гуфта мешавад, ки онҳо аз зиёрати хонаи Каъба, аз кишвари Арабистони Саудӣ баргаштаанд. Ин нафарон дар як ҳавопаймо якҷоя бо ҳам баргаштаанд ва тахмин кардан мумкин, ки маҳз дар дохили тайёра вирусро ба ҳамдигар гузаронидаанд.

 


ХУШХАБАР: ТАБИБОНИ ЧИН ВАКСИНАИ КОРОНАВИРУСРО ПАЙДО КАРДАНД


 

Дар он ҳавопаймо ҳамагӣ 135 мусофир парвоз карданд. Баъди фурудоӣ 90 касро фавран ба карантин бурданд, вале 45 нафари дигар аз фурудгоҳ гурехтанд. Мусофирони фироркарда дар ҷустуҷӯи мақомоти низомианд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД