Маҳваш духтари ягонаи хонадони бонуфузе буд, ҳафт пушти падараш домулло гузашта буданд. Падараш марди тақводор бошад ҳам, пушти касбу кори дигар рафт.
Раҳими ҷавон донишгоҳро дар риштаи кимиё хатм карда, каме дар мактаб ба толибилмон дарс дод ва баъдтар ба тиҷорати дору даст зада, комёб ҳам гашт. Ҳафт писар бо пайроҳаи падар рафтанд ва ҳама маълумоти олӣ доштанд, аммо ҳамон ҷоҳилияти зотӣ, ки «Зан бояд нахонад ва тобеи шавҳар бошад» нагузошт, ки хоҳари кенҷа ва ягонаашонро ба донишгоҳ дохил кунанд. Аммо Маҳваш, ки китоби зиёде мехонд ва дар шинохти хеш қадаме паштар аз ҳамсолонаш буд, бидуни иҷозати падар ҳуҷҷатҳояшро тахт карду роҳ пеш гирифт сўйи пойтахт. Духтарак бо дониши худ донишҷўйи Донишгоҳи тиббӣ шуд. Падару бародаронаш, “мо ин хел духтару хоҳар надорем” гўён, аз баҳраш гузаштанд, танҳо модараш ба қавле бо дасти зоғу занбӯр барояш савғотӣ ва пул мефиристод. Маҳваши ғурурманд, боре назди волидон сар хам накард, кӯшиш мекард, ки кор карда, даромади иловагӣ ёбаду муҳтоҷи касе нагардад. Азобҳои ўро худаш медонаду Худованди бузург…
Баъди хатми донишгоҳ дар беморхонае ба кор оғоз карду хонаи иҷора гирифт. Ниҳоят духтари зебо ва хушахлоқ буд, хостгоронаш аз мўйи сараш зиёд, аммо намедонист хостгоронашро ба куҷо фиристад. Як ҳамсабақаш волидонашро ба деҳаи онҳо хосгорӣ фиристод ва аз тақдири ў хабар ёфта, байни ҳама ўро «оқипадар» эълон кард. Насим баъди хостгорӣ рафтан, мехост дили арўсаки соҳибдори бесоҳибро муфт ба даст оварда, ўро ба занӣ бигирад, аммо Маҳваш инро нахосту ба овозаҳо поя гузошт. Синни Маҳваш ба 30 дакка мехўрд, ҳамчун духтури хуби амрози занона машҳур ҳам шуд, аммо пайвандонаш бо ў то ҳол ногап буданд. Вақте модараш аз дунё гузашт, ўро ҳатто аз дарвоза ворид шудан нагузоштанд. Бечора Маҳваш дар хонаи як ҳамсинфаш, ки бевазан буду аз ў ҳазар накарда, доим ҳамроҳаш дар тамос буд, шабашро рўз карда, рўзи дигар ба қабристон сари гўри модараш рафту боз ба кулбааш баргашт. Ў дар як гўшаяки шаҳр хонаи якҳуҷрагиеро харидорӣ карда буд, ки паноҳгоҳ аз ҳама ғамҳои бешумораш буд. Ҳамон шабе, ки дар хонаи ҳамсинфаш буд, ҳамаи янгаҳояш пинҳонӣ аз шавҳарҳояшон ба дидани ӯ омаданд, ўро оғўш карданду гиристанд. Янгаи калонияш Моҳҷамол Маҳвашро ба оғўш кашида гуфт:
- Моҳҷон, садқаи дили пурдардат, накунӣ, ки духтарҳоямонро дуои бад кунӣ, мо маҷбурем, ки аз ҳарфи акаҳоят берун набароем, ту онҳоро хуб медонӣ.
Маҳваш янгаи калонияшро зиёд дўст медошт ва ҳама сиру асрорашро ба ў мегуфт. Ҳамон шаб ў дар канори янгааш дуру дароз гирист ва ҷигарҳои ҳамаро хун кард. Янгааш ба ў як чойхалта ҷавоҳироти модарашро дод. (Дар кўҳистон арўсон чойхалта медўхтанд, ки ба сумка ё лифофаи калон шабоҳат дошт, чаро онро чойхалта мегуфтанд номаълум). Маҳваш чойхалтаро бо гулдўзиҳои қадима зуд шинохт, аз он бўйи ҳулбў ва қаланфури гардан меомад, ки модараш ба ҷойи атр истифода мекард. Бо шамидани бўйи ошно фиғони духтари ғамдор зиёдтар шуд…
(Давом дорад)
Нисо ХОЛИД