Sebiston new 2024 october
Хондани сураи Қадр пас аз вузӯ
776


Яке аз дӯстон ба ман гуфт, ки хондани сураи Қадр гуноҳони чиҳилсоларо каффорат мекунад, ба шарте ки дарҳол пас аз вузӯ хонда шавад.

Оё ин дуруст аст? Оё барои ин сухан ягон далеле вуҷуд дорад?
Шервон, ш. Душанбе

Посух: 

Ин сухан ягон асоси шаръӣ надорад ва дар ҳадисҳои паёмбар низ ягон далеле дар ин бора ворид нашудааст.
Саховӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Қироат намудани сураи (Инно анзалноҳу) пас аз вузӯ, ягон асосе надорад ва ин амал суннат нест". Дар ҳадисҳои паёмбар дуоҳо ва зикрҳое собит шудаанд, ки пас аз вузӯ хонда мешаванд. Мусулмон бояд ба хондани он дуоҳову зикрҳо саъю талош намояд ва ба онҳо чизи дигареро илова накунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД