Салом! Ман Салим, сокини шаҳри Панҷакент. Сароғоз кулли хонандагони “Оила”-ро бо фарорасии моҳи шарифи рамазон муборакбод мегӯям. Бигзор ин моҳи пур аз хайру эҳсон ба ҳар як хонадони тоҷик файзу баракат оварад.
Ростӣ, маро хобҳое, ки чанд шаб боз пай дар пай мебинам, маҷбур карданд, ки ба шумо муроҷиат намоям. Тез-тез хоб мебинам, ки китоби муқаддаси Қуръон дар даст дорам, Қуръон мехонам ё касе Қуръон хонда истодаасту ман гӯшу ҳуш шуда, онро шунида истодаам. Аз чанд кас таъбири хобамро пурсидам, вале ҷавоби дурусту аниқ дода натавонистанд.
Баъзеҳо мегӯянд, ки агар одам тез-тез Қуръон ва қуръонхониро хоб бинад, ин ишорат бар он аст, ки умраш хеле кам мондааст ва бояд барои гуноҳҳои кардааш сидқан тавба кунад. Албатта мурдан ҳақ аст ва аз марг ҷойи гурез нест, вале дар дилам тарсу ҳарос лона гузоштааст, ки шояд ягон гуноҳи бузурге содир кардаам, ки чунон хоб мебинам. Мегуфтед, ки таъбири хоби ман чист?
Салим, аз ш. Панҷакент
Посух
Бародари азиз! Фикру андешаҳои азиятовар ва тарсу ҳаросро аз дилатон берун кунед. Хондани китоби муқаддаси Қуръон дар хоб баръакс хеле хуб ва фоли нек аст. Мувофиқи хобномаҳои исломӣ, қуръонхонӣ дар хоб рамзи комёбӣ ва муваффақиятҳои бузург аст.
Шахс хоб бинад, ки бо овози баланд қуръон хонда истодааст, дар зиндагӣ ягон ғалабаи калон ба даст меорад ё соҳиби обрӯву мартабаи бузург мегардад.
Бо таҷвид хондани сураҳои қуръон дар хоб аз он гувоҳӣ медиҳад, ки рӯзгору рафтори шахси хобдида Худованди меҳрубонро хеле писанд омадааст ва дар он дунё мартабааш баланду ҷояш биҳишти ҷовидон хоҳад гашт.
Фақат сӯзондани китоби муқаддаси Қуръон ва пора-пора кардани саҳифаҳои он дар хоб фоли бад аст. Дидани чунин хоб аз заиф будани имони шахси хобдида дарак медиҳад. Одаме, ки дар хобаш қуръонро месӯзонад ё медаронад, бояд фикр кунад, ки чӣ гуноҳи бузурге аз вай сар задааст ва сидқан пеши парвардигор тавба кунад.
Хоб бинед, ки олимони дин дар маконе ҷамъ омада, қуръон мехонанд, дар он ҷо борони файзу баракати илоҳӣ борида, мардумаш соҳиби зиндагии шоиста мегарданд. Таъбири дигари ин хоб чунин аст, ки аз ҳамон макон одамони зиёди бо обрӯ мебарояд ё зодагонаш соҳиби мансабҳои баланд мегарданд.
Кас хоб бинад, ки бо овози баланди ширадор китоби муқаддаси Қуръонро қироят карда истодааст, бахту барор ҳамсафари зиндагиаш мегардад ва ҳар коре даст занад, муваффақ мегардад.
Шаб хоб бинед, ки рӯз асту олам равшан ва шумо қуръон хонда истодаед, ба василаи ин хоб Офаридгор дуруст ва рост будани роҳи дар зиндагӣ интихоб кардаатонро мефаҳмонад.
Кас хоб бинад, ки дар дасташ китоби муқаддаси Қуръон аст, вале он бо хати каҷу килеб навишта шудааст, ин ба гуноҳҳои дар ҳаёт содир кардаи шахси хобдида ишорат мекунад. Пас аз дидани чунин хоб одам бояд барои тамоми гуноҳҳояш пеши Худованд тавба карда, ислоҳ шавад ва кӯшиш кунад, ки дубора қадам ба роҳи каҷ нагузорад.
Хоб бинед, ки китоби Қуръонро мисли болишт зери саратон мондаед, ин фоли хуб нест. Чунин хоб аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шахси хобдида дар зиндагӣ ба хатои бузурге роҳ хоҳад дод, ки ба дину имонаш латма зада, боиси ба сараш омадани мусибату бадбахтии зиёд мегардад.
Шахс хоб бинад, ки китоби Қуръонро ба шахси дигар дода истодааст, дар ҳаёт ба ноумедӣ гирифтор мегардад. Дар хобатон китоби муқаддаси Қуръонро ба шахсе, ки ба дини мубини ислом боварӣ надорад, диҳед, корҳоятон бебарор мешаванд ё ба доми фиреби қаллобон меафтед.
Дар хоб Қуръони дастнависро хондан фоли нек аст.
Шахсе, ки чунин хоб дидааст, олиму донишманд мешавад ё таҷрибаи хубе дар ҳаёт ба даст меорад.
Кас хоб бинад, ки китоби Қуръони муқовааш зарҳалин дар даст дорад, вале дар дохили он ягон оят навишта нашудааст, бисёр фоли бад аст. Чунин хоб аз дурӯягии шахс гувоҳӣ медиҳад, яъне зоҳиран инсони худотарс метобад, вале дар асл бо корҳое машғул аст, ки хилофи фармудаи Худованд ва дини мубини ислом мебошанд.
Дар хоб барои ба даст овардани пул рӯйнавис кардани китоби муқаддаси қуръон хуб нест. Дидани чунин хоб аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шумо ба кору амалҳои худ баҳои хеле баланд медиҳед, вале дар асл ба он арзанда нестед.
Кас хоб бинад, ки сураю оятҳои китоби Қуръонро дар рӯйи замин ё лой навишта истодааст, ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин шахс гуфтаҳои китоби илоҳиро нодуруст тафсир мекунад ва дигаронро ба роҳи ғалат мебарад.
Инсон хоб бинад, ки китоби муқаддаси Қуръонро хонда истодааст, вале он на дар коғаз, балки дар рӯйи замин навишта шудааст, ин аз сустии имони шахси хобдида дарак медиҳад.
Хулоса, қуръонхонӣ дар хоб нишонаи наздик будани марги шахси хобдида нест, баръакс, агар мариз хоб бубинад, ки қуръон хонда истодааст, ҳолаш рӯ ба беҳудӣ оварда, бо инояти парвардигор шифо меёбад. Таъбиргарони хоб мегӯянд, ба ояте, ки шахс дар хоб мехонад, диққат додан лозим аст. Оят чӣ маъние, ки дошта бошад, таъбири хоб ҳамон хоҳад буд.