Ман дар шаҳри Душанбе хонаи 2-ҳуҷрагӣ дорам ва дар он ба ғайри худам боз писару келину набераҳоям ба қайд гузошта шудаанд. Вақтҳои охир писару келинам маро бисёр хафа мекунанд ва диламро озор медиҳанд. Мехостам донам, ки оё ман метавонам бе иҷозати писару келинам хонаамро, ки ҳуҷҷатҳояш ба номи худам ҳастанд, фурӯшам?
М., ш. Душанбе
Посух:
- Албатта шумо ҳамчун соҳибмулк метавонед манзилатонро, ки моликияти шахсии шумо ба ҳисоб меравад, фурӯшед, вале ҳангоми бастани шартномаи хариду фурӯш, барои фаҳмидани мавҷуд набудани баҳс вобаста ба манзили мазкур, розигии ҳамсаратон ва дигар аъзои болиғи оила дар Идораи нотариалии давлатӣ гирифта мешавад.