Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз хонаҳои истиқоматии сокинон, ки бар асари ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Қирғизистон зарар дидаанд, боздид намуд, -хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача ва Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳия бар асари ҳамлаи ноҷавонмардонаи низомиёни кишвари ҳамсоя якчанд хонаи истиқоматӣ хароб гардида, як теъдоди дигар қисман зарар дидаанд.
Раиси вилоят аснои боздид дар боби ташкили ситоди махсус барои омӯзиши хонаҳои харобшудаву зарардида, ҷалби қувваи иловагӣ баҳри бартарафсозии оқибатҳои ҳуҷуми мусаллаҳонаи низомиёни қирғиз ва сари вақт тоза намудани манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ба масъулин супоришҳо дод.