Нушофарин Раҷабзода, хонандаи «Мактаби байналмилалии президентӣ “Беҳтарин хонандаи сол” дар шаҳри Душанбе эълон шуд.
Тавре Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар додааст, даври шаҳрии Озмуни “Хонандаи сол-2025” дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯзҳои 6-7-уми апрели соли равон дар «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» баргузор гашта, дар он хонандаи синфи 10-и Мактаби байналмилалии президентӣ Нушофарин Раҷабзода ғолиб омадааст.
Дар озмун аз ноҳияи Шоҳмансур хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 Гурдофарид Шерова, аз ноҳияи Фирдавсӣ хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 Юсуф Давлатёров, аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ хонандаи синфи 10-и Литсейи №3 барои хонандагони болаёқат Озода Шомадзода ва аз ноҳияи Сино хонандаи синфи 10-и Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии президентӣ» Нушофарин Раҷабзода иштирок намудаанд.
Ҳакамон рӯзи аввал бо корҳои тестӣ ва хаттии довталабон шинос шуда, рӯзи дуюм ба ҳунару маҳорати суханварӣ ва дониши назариявии онҳо баҳо додаанд.
Ғолиби Озмуни шаҳрии «Хонандаи сол - 2025» дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт бо мукофоти пулӣ ва Ифтихорномаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз мегардад.