Дар Чемпионати Осиё оид ба бокс байни наврасон, ки дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гашт, Тими миллии Тоҷикистон медалҳои зиёде ба даст оварда, сазовори унвони Чемпиони Осиё гашт.
Чемпионати Осиё оид ба бокс байни наврасон дар шаҳри Ал-Айни Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гашта, дар он боксёри ҷавони тоҷик Анушервон Сидиқов дар вазни 33 кг дар байни мактаббачаҳо Чемпиони Осиё эълон карда шуд. Варзишгари дигари тоҷик Акбар Абдуллоев низ дар вазни 58 кг дар ин мусобиқа сазовори медали тило гаштааст.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Фирӯз Бойматов дар вазни 37 кг медали нуқраи мусобиқаро ба даст оварда, Дилшод Сиҷаев дар вазни 35 кг соҳиби медали биринҷӣ гаштааст.
Бино ба маълумоти Федератсияи бокси кишвар, Билол Иксанов дар вазни 54 кг сазовори ҷойи якум гаштааст.
Қобили зикр аст, ки дар ҳамин мусобиқа боз 4 варзишгари ҷавони тоҷик - Умар Асроров дар вазни 63 кг, Абубакр Азизов дар вазни 57 кг, Амирбек Маҳрамов дар вазни 52 кг ва Сорбон Нурализода дар вазни 66 кг медалҳои биринҷӣ ба даст овардаанд.
Дар вазни 54 кг байни духтарон боксёри тоҷик Фариноз Абдуллоева беҳтарин эътироф шуда, Мино Азимзода дар вазни 60 кг соҳиби медали биринҷии мусобиқа гашт.
Ғолибони мусобиқа дар ҳаҷми 6000 доллари амрикоӣ мукофот мегиранд. Варзишгароне, ки соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гаштаанд, 3000 доллар ва 1,5 ҳазор доллар мукофот хоҳанд гирифт.
Хонандагони мактабҳои миёна, ки дар ин мусобиқа ширкат доштанд, дар ҳаҷми 4000 доллар, 2000 доллар ва 1000 доллари амрикоӣ мукофот мегиранд.