formula feb 2025
Хонанда: Модар чӣ гуна, духтар намуна
1254

Чанде қабл номаи ҳамкасби худ - Ҳаитмоҳи Муродалиро дар мавзӯи ахлоқу рафтори духтарон дар нақлиёти ҷамъиятӣ хонда, ба хулосае омадам, ки ӯ ҳақ аст ва ҷавондухтарон низ баробари ҷавонмардон бояд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, махсусан нақлиёти шаҳрӣ рафтори хуб дошта бошанду ба калонсолон ҷой диҳанд.

Аммо бояд як чизро ба муаллима ёдрас кунам, ки на ҳамаи духтарони мо чунинанд ва ман ҳам аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мебараму инро мебинам. Борҳо шоҳиди он гаштаам, ки ҷавондухтарон баробари вориди нақлиёт шудани шахсони калонсол аз ҷояшон ҳатто аз ҷавонон пештар бархоста, ба онҳо ҷойи худро медиҳанд. Бо ин гуфтанӣ ҳастам, ки ҳамаи ҷавондухтаронро бо як тарозу баркашидан мумкин нест. Ман, ки худ ду духтари қадрас дорам, ки яке донишҷӯ асту дигараш ҳоло дар мактаби миёна таҳсил мекунад, ҳеҷ тасаввур карда наметавонам, ки онҳо ба калонсолон ҷой надиҳанд. Зеро ин тарзи рафторро ман на танҳо дар хона ба духтарони худ, балки дар мактаб низ, ба шогирдонам таъкид менамоям.

Агар дар мактаб муаллим ва дар хона волидон ин тарзи рафторро ҳар замон таъкид кунанд, гумон мекунам, мо ҳаргиз дигар рафтори нохуби “духтарони телефонбоз”-ро дар нақлиёти ҷамъиятӣ намебинем.

Сарвинози БОБО, омӯзгор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД