Sebiston new 2024 october
ХОНАДОМОДИ БЕНОМУС
26.03.2021
ОТИФ
10484

 

 Ҷамила писарчаашро ба оғӯш гирифта, бо қалби садпора роҳи хонаи падарро пеш гирифт. Аз шиддати гиря худро дошта натавонисту рӯи хараки назди яке аз биноҳои истиқоматӣ нишаст. Писарчаро магар вақти хобаш омада буд, ки ғаш карда мегирист.

-Хоб кун … - аламашро аз кӯдак гирифта, фарёд зад Ҷамила.- Аз падарат кай рӯзи хуш дидам, ки аз ту бинам. Аз аввал падару модарам насиҳат мекарданд, ки «духтарам, хок гирӣ, аз хоктӯдаи баланд гир, хоктӯдаи паст саҳроҷои мардум аст». Гапи онҳоро гӯш накардам. Модари бечораам ғами маро мехӯрдаасту мани беақл инро нафаҳмидам. Акнун сари сахтамро ба кадом санг занам? Худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ. Лаб мегазаму ба аҳли хонавода сир бой намедиҳам.

Тифлро хоб бурду Ҷамила аз ҷой хеста, роҳашро идома дод. Дар ин вақт Ҳамидулло масту махмур рӯи бистари никоҳиашон бо Бунафша машғули айшу ишрат буд. Ҷамила аз хотираш баромада, парво надошт, ки занаш қаҳр карда рафт. Дар хонаи шахсии ҳамсараш, ки онро дар вақташ падари Ҷамила ба онҳо харида дода буд, зиндагӣ мекард Ҳамидулло ва беномусона каттагӣ карда, ба сари занаш даст мебардошт, дашном медод. Ҳамидулло дар вақташ бо дахолати апааш базӯр Донишкадаи тарбияи ҷисмониро хатм карда, на ҷое кор мекарду на мехонд. Бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки… Бекорӣ қалбро сахт мекунад…Ҳамидулло ҳам аз бекорӣ сангдил шуда буд. Бар замми ҳамаи ин, занакбозӣ мекард. Ҷамила ба ҳамааш тоқат менамуд. Лаб газида, фиғонашро дар дил хомӯш карда, даъвои талокро намекард. Зеро дар вақташ худ Ҳамидуллоро писандида, хонадор шуда буд. Баъдтар эҳсос кард, ки Ҳамид на он мардест, ки ӯро хушбахт мекунад. Ҳамид оне нест, ки фикри зиндагии осударо аз ҳама чиз боло гузорад. Падар пеш аз тӯй бори дигар Ҷамиларо дар танҳоӣ назди худ хонду гуфт:

-Духтаракам, фикр кун. Ҳоло ҳам фурсат ҳаст. Нашавад, ки бо ин бачаи эркаю ҳавобаланд ҳаётатро сӯзонӣ. Вале Ҷамила ба андешаи падар эътиборе надода, ба Ҳамид ба шавҳар баромад. Хешу ақрабо ҳама аз интихоби Ҷамила норозӣ буданд. Чунки падари нашъаманду модари сабукпои Ҳамидро аҳли маҳалла ба хубӣ мешинохтанд. Ҷамила дар коргоҳи тиҷоратие кор карда, хурду хӯроки аҳли оилаи шавҳарашро таъмин менамуд. Падару модар аз тарафи дигар кӯмакаш мекарданд. Модараш баъзан ба ғазаб меомаду бо ситеза мегуфт:

-То кай ин шавҳари беномусатро мехӯрониву мепӯшонӣ?

-Очаҷон, шумо аз наздик Ҳамидро намедонед, вай бисёр одами дилсофу меҳрубон аст.

-Набошад, чаро дар ягон ҷой кор намекунад?

-Бо ин маоши ночизи корхонаҳо чӣ кор кунаду чӣ не. Беҳтараш дар хона шинад,-дурӯғ гуфтаву тамоми ситамҳои ба сараш омадаро пинҳон медошт Ҷамила. Ҳамид бошад, рӯз то рӯз шикам мондаву мисли хук равған мегирифт. Агар хӯрок дар вақташ тайёр набошад, хонаро ба сар мебардошту Ҷамиларо зери лату кӯб мегирифт. Пас аз таваллуди фарзанди дуюм Ҷамила касалӣ шуда, аз он зебоиву таровати қаблиаш асаре намонда буд. Акнун Ҳамид сари қадам ба ӯ киноя мезад, ки «туи пӯсту устухон ба ман чӣ даркор? Маро мефорад, ки занам ҷавону фарбеҳ бошад”.

Ҷамила лаб мегазиду заҳри забони шавҳарашро фурӯ мебурд. Шабҳо мегирист дар бистари танҳоӣ, вале пеши касе лаб ба шикоят намекушод, чунки Ҳамид бо шаттаву шаллоқ алови чашмашро гирифта буд. Медонист, ки Ҳамид ба ҳамаи разилиҳо қодир аст. Барои ҳамин хомӯширо авлотар медонист. Дашномҳои Ҳамидро шунида, худро ба карӣ мезад. Ҳамсояҳо ин ҳама ҷабру ситами Ҳамидро дида, ба ҳоли Ҷамила дилашон сӯхта, афсӯс мехӯрданд:

Ҳар ҷо гули лола бар дили хок афтод,

Ҳар ҷо зани пок ба марди нопок афтод.

Нияти зангирии Ҳамид гапи сарсариву барои тарсонидани Ҷамила набуд.Ӯ ниҳоят апаашро водор кард, ки барояш арӯс ёбанд.

-Дигар зани харобу касалӣ ба додарам даркор нест,-гуфт апааш ба Ҷамила.

Арӯс ҳам ёфт шуд.Ҷамила хабари тӯйро фаҳмиду ба хонаи падар омад. Тамоми рӯзгори талхи ҳамзистиашро бо Ҳамид аз оғоз то анҷом нахустин бор пеши падару модар ба чашмони ашкбор нақл кард. Гиристу ба пеши пойи падар афтод ва гӯё тамоми ғаму аламашро бо ашки шӯри чашмонаш шуст. Як моҳ бадин минвол гузашт. Падар сабр кард. Андешаи кӯдакони Ҷамиларо дошт, онҳо набояд аз тарбияву меҳри падар маҳрум монанд. Ниҳоят хабари тӯйи домодии Ҳамид ба гӯши Ҷамила расид. Сабр аз даст рафт. Падару духтар ба хонаи Ҳамид омаданд. Ӯ хандида гуфт:

-Чӣ кор карда метавонед? Хонаро гирифтанӣ ҳастед? Ба умед нашавед, аз дастатон ягон кор намеояд!

Ҳамид ба сари хусураш мушт бардошт. Дили бемори ӯ тоби зарбаҳо накард. Вақте ҳамсояҳо падари Ҷамиларо аз зери мушту лагади Ҳамиди «машқдида» халос карданд, аллакай мард нафасгир шуда буд. Ҳангоми ба беморхона бурдан мард ба ҳуш наомада, аз олам гузашт. Ҳисси бадбиниву интиқом дар дили Ҷамила ҷӯш мезад. Мӯю рӯй канда, худро рӯи тобут мепартофт:

-Падари меҳрубону ғамхорам. Аз рӯи мани сарсахт марг ба сари ту омад, -гӯён мегирист. Баъди маросими ҳафти падар Ҷамила Ҳамидро ба суд дод. Ҳақ ба ҳақдор расид. Ҳамидро ба маҳкама шинонданд. Ҷамила хонаро фурӯхта, барои фарзандонаш хонаи дигар гирифт. Аммо алами падар ҳамоно дар дилаш боқӣ монда, нисбати Ҳамид нафрат дораду зери лаб мегӯяд:

-Агар аз дасти ман чизе наояд, рӯзе писаронам қасди маро аз падари беномусашон меситонанд. Соате мерасад, ки ӯ зери пои фарзандонаш афтида, хору зор мешавад. Ва онҳо аз паҳлӯи ӯ бепарвову бо нигоҳи пурнафрат гузар хоҳанд кард.

Таснифи Отиф



Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД