Arzon march 2024
Хонадомод (қисми 2)
1556

Идомааш ...

- Азиз, як бори дигар фикр кун! Охир, ба сарат мурғи бахту сарват менишинад. Ба ҳар кас ҳам ин гуна имконият муяссар намешавад.

- Акаи Ҳалимҷон, бахшиш, ман ҳама чизро бо сарват иваз намекунам.

- Хуб, як бор бо Дилдода ҳамсӯҳбат шав. Агар ба ҳамдигар маъқул шудед, он тарафаш тӯй, агар не худат медонӣ.

Ин фикри Ҳалим ба Азиз маъқул шуд. Ӯ бо Дилдода вохӯрд. Азиз дар симои ин бойдухтар як нафари хоксору одӣ, меҳрубону ширинзабон ва зани соҳибҳунару хирадмандро дарёфт. Чун ду - се маротиба бо ҳам вохӯрданд, ба ҳамдигар маъқул шуда, барои издивоҷ кардан розигӣ доданд.

Туй бо тамоми дабдабааш баргузор шуд. Аммо, аз оилаи камбағал будани Азизро ҳамагон пичир-пичир карда мегуфтанд. Косаи сабри Сабрина аз ин ҳарфҳо лабрез шуда бошад ҳам, дандон ба дандон монда, тоқат кард. Аз тӯй ҳафта нагузашта, кинояҳои Сабрина нисбат ба домодаш оғоз шуд.

- Шумо ба ин ҷо келин шуда омадаед. Як кори хонаро кунед. Як сӯми пуч надоред. Хона ҳам надоред.

Соро низ ба Сабрина аз зулму ситам ва кинояҳои боқуваттар “дарс” медод. Азиз ба хотири ишқи Дилдода чизе намегуфт. Аммо, чунин рафтор ҳамарӯза такрор меёфт.

Саъдӣ аз ин амали завҷааш хабар ёфта, хуни ҷигар мешуд. Рӯзе аз дарду алам ба сактаи мағзи сар гирифтор шуда, баъди як ҳафтаи тӯй ҷон дод. Ин вақт ӯ аллакай тамоми молу мулкашро ба номи домодаш гузаронида буд. Аз ин Сабрина хабар ёфта "мурдаро монда тутхӯрӣ" гуфтагӣ барин, аз пайи баргардонидани молу мулк шуд.

Ӯ ниҳоят ба ин орзуяш расид. Азиз бо гуфтани хушдоманаш ҳама сарвати ба номаш бударо ба номи Дилдода гузаронид ва аз дасти зулми хушдоман ҷавоби Дилдодаро доду худаш аз хона баромада рафт.

Дар байн Дилдода ҳомила шуда буд, аммо касе дарак надошт. Нав ин хабарро гуфтанӣ буд, ки Азиз аз хона рафт. Сабрина ба духтараш нигариста “ана, аз домоди сагалдаки курнамак халос шудем. Ман туро ба беҳтарин ҷавони сарватманд медиҳам”, - гуфт табассум карда.

- Охир, чаро ин тавр кардед? Ман ӯро дуст медорам. Хушу хурсандона зиндагӣ карда истода будем. Нав фаҳмидам, ки чашми шуморо фақат хоки ...

Ин гап аз даҳонаш набаромада, Сабрина ба рӯйи духтараш шаппотӣ зад. Дилдода ба замин афтоду шикамашро қаппида “кӯдакам ҳалок шуд” гуфта, гириста.

Вақте ки Дилдодаро ба духтур бурданд воқеан кӯдаки сеҳафтаинаи ӯ ҳалок шуда буд. Сабрина худро ба ин гунаҳкор донад ҳам, тамоми айбро ба гардани домоди камбағал зад.

Аз байн як сол гузашт. Сабрина духтарашро ба як домоди сарватманд оиладор кард. Домоди бой Сарвар ном дошт. Аз кибру ғурураш ҳамагон дар ҳазар буданд. Сарвар қариб ҳар рӯз нӯшида меомаду Дилдодаро зери лагад мегирифт.

Рӯзҳое ҳам шуданд, ки дар чиллаи зимистон келинчакро аз дар берун мекард. Ҳар боре, ки аз шатаахӯриаш ба модараш гӯяд, “сабр кун, ҳамааш нағз мешавад, тамоми сарват ба дастат мегузарад, хуб зиндагӣ мекунӣ”, - мегуфт модар чашмонашро бозӣ доронда.

Рӯзе боз Сарвар арақ нӯшида омаду ба пойҳои Дилдода зад. Келинчак аз шавҳари аввалааш Азиз танҳо сухани нарму ширин ва муҳаббати беандоза медиду бас. Ӯ аз шиддати дард беҳуш шуд. Ҳамсояҳо омада, ҳолатро ба модари духтар фаҳмониданд.

Дилдодаро ба беморхона бурданд. Сарвар шаб аз меъёр, ки зиёд нӯшида буд, хоб карду дигар нахест. Баъди ду рӯз хабар ёфтанд, ки ӯ вафот кардааст. Дилдода ҳам баъди 4 рӯз ба ҳуш омад, аммо дигар ҳеҷ гоҳ роҳ рафта наметавонист.

Сабрина ҳарчанд аз корҳои кардааш ва бахти духтарашро бо дастони худ несткарданаш пушаймон шуда бошад ҳам, аммо ин пушаймонӣ он ҳама воқеаҳои шударо ислоҳ намекунад. Ӯ аз ғами духтари маъюбаш ба бемории саратон гирифтор шуд.

Модар як орзу дошт. Мехост Азизро бинаду барои азобҳои додааш аз ӯ маъзарат хоҳад. Рӯзе чунин ҳам шуд. Азиз ин ҳолатро шунида, ба хабаргирии завҷааш омад. Сабрина ҳамин лаҳза дар талвосаи ҷонканӣ буд. Ӯ Азизро диду бахшиш пурсида натавониста, ҷон ба Ҳақ таслим намуд.

Баъди гӯру чӯби Сабрина, Азиз Дилдодаро ба хориҷа барои табобати пойҳояш бурд. Пас аз табобати бардавом ниҳоят Дилдода боз аз нав ба роҳгардӣ даромад. Пас аз се сол онҳо соҳиби кӯдак шуданд. Акнун хурсандона зиндагӣ мекунанд.

- Агар модарам аз аввал бо шумо чунин муомила мекарданд, шояд ин савдои зиндагӣ, ин азобу уқубат ба сарамон намеомад, - гуфт Диллдода.

- Ин тавр нагуй. Бояд чунин мешуд, ки шуд. Акнун мо бояд хушбахт бошему ба ҳама дасти имдод дароз намоем ва дар ҳаққи онҳо дуогуй бошем, - гуфт Азиз.

Ҳарду табассум карда, дар ҳаққи падару модар дуо намуданду рафтанд.

Анҷом

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД