Tayron Test For
ХОНА БА ХОНА ВИРУСРО ПАҲН НАКУНЕД!
936

"Баргузории суҳбату вохӯриҳо бо усули "хона ба хона" дар Ташкилоти ибтидоии Чойхона Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи н. Ёвон оиди пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ ва истифодаи оқилонаи заминҳои кишоварзию наздиҳавлигӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, ҳамзамон тақсимоти ниқобҳои муҳофизатӣ ва варақаҳои таблиғотии аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон омада оиди бемории сироятии Коронавирус".

Ин ва монанд ба ин хабарҳоро ҳар рӯз мо садҳо бор тариқи ТВ, радио, матбуот ва интернет мебинему мешунавему мехонем. Бояд таъкиди хос кард, ки баъд аз пайдо шудани коронавирус дар Тоҷикистон дар баробари дигар мамолики ҷаҳон дар кӯчаву хиёбонҳои кишвари  мо низ одамон аҳён -аҳён ба назар мерасанд. Вале ба ин нигоҳ накарда, гаштугузори тарғиботчиён бо усули асрисангии "хонабахона" то ҳол кам нашудааст. Ин гаштугузори бепарвоёнаи онҳо, ки аксаран аққалан дастпӯшаки тиббии муҳофизатӣ надоранд сокинони ҷумҳуриро нигарон кардааст. Бегоҳии 16 май дар доираи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ҷаласаи навбатии ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории коронавируси нави  КОВИД-19  баргузор гардид. Баъди шикояти зиёди фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ва интиқоди мақомот, ахиран, дар кори ҷаласа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода супориш дод, ки бояд ҳарчӣ бештар корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирии бемории  COVID-19 тариқи ВАО ҷонноктар  карда шавад. Ана, барои ин супориш Браво, ҷаноби Вазир! Акнун супориш диҳед, ки усули бобокалонии аз давраи худораҳматии Дақёнус мондаи "хонабахона" ҳам қатъ карда шавад. Муҳтарам тарғибочиёну фаҳмонандаҳо! Ҳар рӯз дар радиову ТВ оиди роҳҳои пешгирӣ аз коронавирус мегӯянд, интернет ҳам пур - пури маълумот! Шарт аст боз бо ин усули кор вирусро ба хонаи одамон бурдану онҳоро дар тарс гузоштан? Тавбафармоён, чаро худ тавба камтар мекунед? Ҷанобон, ин шеваи асрисангиро бас кунед! Ба дигарон кӯмак мекунед, браво! Ин хуб аст, вале тарзи дигари корро кобед. Дигар дарбадар нагардеду хатар ва тарсро наафзоед. Ҳам худ, ҳам наздикон ва ҳам аҳолиро ба коми ин аждаҳо нагузоред, хоҳиш! Мирсаид САТТОРИËН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Tayron Test For 2