“24 сол дар соҳаи хоҷагии ноҳияи Қубодиён ронандаи трактор шуда, фаъолият кардам. Падарам трактор меронд, субҳи барвақт маро ҳамроҳаш гирифта, ба саҳро, барои шудгори заминҳо мерафт. Баъд аз хатми мактаби миёна ба курси ронандагӣ дохил шуда, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шудам”,- мегӯяд Раҷабгул Сафармуродова.
Шаб дар вагону рӯз дар саҳро
Раҷабгул Сафармуродоваи 73-сола зодаи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон аст. Аз соли 1977 то инҷониб дар ноҳияи Носири Хусрав зиндагӣ мекунад. Сабаби кӯч бастани ӯ бо хонаводааш ба ноҳияи мазкур ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои ноҳамвору найистон ва обод кардани як гӯшаи диёри мамлакат буд.
«Ману шавҳарам ҳарду дар ноҳияи Қубодиён ронандаи трактор (механизатор) будем. Аз субҳи барвақт то ғуруби офтоб дар саҳро ба шудгори заминҳо, дорупошӣ, шинонидани зироату ғалладонагиҳо ва амсоли инҳо машғул будем. Соли 1977 раиси колхози ҳамонвақтаи Қубодиён кори моро дида, барои рафтан ба ноҳияи Носири Хусрав роҳхат дод. Ману шавҳарамро дар як вагон ҷой карданд. Шаб дар вагону рӯз дар саҳро будем»,- нақл мекунад Раҷабгул Сафармуродова.
Холаи Раҷабгул мегӯяд, ки он солҳо қисми зиёди заминҳои ноҳияи Носири Хусрав ғору қамишзор буданд. Ҳамроҳи шавҳараш шабу рӯз ба ҳамвор кардану кишт кардани замин машғул шуданд. Заминҳо низ обёрӣ шуданд. Аз меҳнати ҳалол хона бунёд карданд. Бо гузашти солҳо шумораи аҳолӣ торафт зиёд шудан гирифт.
«Гоҳо тракторам дар байни замин вайрон мешуд. Шавҳарам онро таъмир мекард. Ман ба кори ӯ диққат медодам, то ки дар ҳолати набудани вай худам таъмир карда тавонам. Борҳо ба чунин ҳолат гирифтор шудам. Занону духтарон ва ҳатто мардҳо маро дида, мегуфтанд, ки ана холаи тракторчӣ омад. Агарчи синну солам ба 72 расида бошад ҳам, дар набудани бачаҳо худам заминро шудгор мекунам»,- мегӯяд холаи Раҷабгул.
Замин - манбаи даромад
Баъд аз ба гардиш даровадани заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Носири Хусрав соли 1992 холаи Раҷабгулро ба ҳайси бригадир дар масоҳати зиёда аз 100 гектар замин таъин карданд. Ҳудуди 15 сол бригадирӣ кард. Тамоми марду занҳоро ба кори саҳро даъват кард.
Қаҳрамони мо холаи Раҷабгул Сафармуродова соли 2005 дар масоҳати беш аз 8 гектар замин хоҷагии деҳқонӣ ташкил кард. Ҳамасола дар заминаш пахта, гандум, тарбузу харбуза, помидору бодиринг, картошкаю пиёз, сабзӣ, шолию маккаи дон ва лӯбиёдонагӣ кишт мекунанд. Замин ягона манбаи даромади хонаводаи Сафармуродовҳо мебошад.
«Замин меҳнати зиёдро талаб мекунад. Дар сари замин бошишгоҳ дорем, ки барои гирифтани ҳосили хуб шабу рӯз онҷо мемонем ва заҳмат мекашем”,- мегӯяд деҳқонзан.
Зани бодавлат
Қаҳрамони мо 7 фарзанд - 5 писару 2 духтар ва 28 набераву 8 абера дорад. Ӯ мегӯяд, зани бодавлат аст, ки Худованд ӯро лоиқи ин қадар фарзанду набера гардонидааст.
Мо ба ин зани заҳматкашу меҳнатдӯст саломативу саодати рӯзгорро таманно дорем.
Амонҷон МУҲИДДИНОВ