Ман ба холаи худам, ки айни замон хушдоманам аст, як дарднома дорам. Дар арафаи соли нав хушдоманам “ба ман келини бефарзанд даркор нест” гӯён, маро аз хона пеш карда истодааст.
Намехоҳам аз бахти бенасиб гардам, бинобар ин, тариқи сомонаи Оила. ТЧ ба холаам гуфтаниям:
-Холаҷон, ман писари шуморо бо тамоми ҳастиам дӯст медорам. Чӣ тавр аз ин хона биравам, ки хонаи бахтам аст. Марди чашм кушода дидаам, писари шумост. Бигӯед холаҷон, чӣ тавр тарки ҳама буду набудам кунам? Писари шумо вакте ки маро гирифт, ҳамагӣ 17- сола будам. Чашм кушода, ӯро дидаму бо тамоми ҳастӣ дӯст доштам. Се бор ҳомиладор шудам, вале фарзандонам афтиданд. Дафъаи чорум табибон хостанд, ки бо ҷарроҳӣ писарчаи ҳаштмоҳаамро бигиранд. Дар натиҷа ман якумра бефарзанд мондам. Холаҷон, шумо худатон маро келин кардед. Модарам дар ҳаёт нест, вагарна барои ин коратон аз шумо сахт меранҷид. Шумо хоҳари модарам ҳастед, пас чаро имрӯз мехоҳед, ки писаратон ҷавоби маро дода, зани дигар гирад. Мегӯянд, ки хола ба ҷойи модар аст, дурӯғ будааст. Шумо медонед, ки чӣ қадар эҳтироми шумову писаратонро пос медорам. Ба хотири шавҳарам ҳатто ба мурдан тайёрам. Ман розӣ ҳастам, ки писаратонро зан диҳед. Фақат маро наронед. Хоҳиш мекунам, ман бе писари шумо мемирам. Ақаллан дар як моҳ садои ширинашро шунавам, бароям бас аст.
Н.