arzon replenishment
ХОҲИШИ МОДАРИ ТАНҲО АЗ ПРЕЗИДЕНТ ВА РАИСИ ШАҲР
4022


Як зани 39-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо исми Нигина (бо хоҳиши зан номаш иваз карда шудааст, вале рақами телефон ва ному насаби аслиаш дар редаксия мавҷуд аст) бо чашмони гирён ба идораи сомонаи Оила. ТЧ муроҷиат карда, зорию тавалло намуд, ки арзи ӯро ба Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ расонем.
Нигина чанд сол боз ба азоби бехонагиву дар ба дарӣ гирифтор мебошад ва аз ночорӣ мехоҳад духтарҳояшро, ки яке 14 ва дигарӣ 15 сол доранд, ба хонаи бачаҳо ё мактаб-интернат супорад.

Зан мегӯяд, баъди он ки аз шавҳараш ҷудо шуд, бори гарони зиндагӣ ба гарданаш афтода, таънашунави дӯсту душман гашт. Азбаски 4 фарзанд дорад, на дар манзили падару модар ва на дар хонаи хешу табор намеғунҷад.


Ба хотири аз ғурбати наздиконаш халос шудан вай фарзандонашро ба мактаб-интернати №1 супурдааст, вале чанд сол пеш бо далели он ки ин кӯдакон ятим ё нимятим нестанд ва аслан бояд зери парастории падару модар бошанд, онҳоро ҷавоб додаанд.

Аз бозе, ки аз интернат ҷавобашон доданд, духтарҳо, ба қавли модарашон, дигар ба мактаб нарафтаанд, зеро Нигина имконият надорад, ки барои фарзандонаш сару либоси мактабӣ, китобу дафтар ва дигар лавозимоти хонишро харидорӣ намояд. .

-Шароит, ки надоштам, духтаронам танҳо то синфи 3-4 хонданд. Манзили худро надорем, аз ҳамин сабаб як ҳафта дар хонаи падарам, ду-се рӯз дар хонаи хоҳару бародар, чанд рӯзи дигар дар хонаи холаву аммаам зиндагӣ мекардам, то ману кӯдаконам ба дили соҳибхонаҳо назанем, вале хонаи мардум хонаи мардум аст ва таънаву маломати зиёде дорад,-мегӯяд Нигина.

Ба қавли ҷавонзан, пайвандонаш ба ӯ ва фарзандонаш рӯйи хуш намедиҳанд, охир дар ин замонаи душвори иқтисодӣ, ки нарху наво ба осмони ҳафтум дакка хӯрдааст, чанд нонхӯри зиёдатӣ ба кӣ лозим?!

-Духтаронам аз ранҷу азоби дар ба дарӣ ва таънаю маломати хешу табор безор шуда, асабҳояш бениҳоят хароб ва сахт хаста шудаанд. Дигар тоқати дидани азобҳои фарзандонамро надорам, аз ҳамин хотир аз Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ хоҳиш ва илтимос мекунам, ки фарзандони маро дар ягон мактаб-интернати пойтахт ҷой намуда, сарашонро сила намоянд, то ки зери сарпарастӣ ва ғамхории давлат бошанд, хонанд, ягон касбу ҳунарро омӯзанд ва дар оянда ба мисли модари бесаводашон хору зор нашаванд. Розӣ ҳастам, ки духтаронам минбаъд дар ҳамон ҷо кор карда, ба давлат хизмат кунанд,-мегӯяд зан бо дидагони ашкбор.

Нигина таъкид кард, ки ҳаргиз аз фарзандонаш безор нест ва дилу нияти аз онҳо даст кашиданро надорад, аммо мушкилоти зиндагӣ ӯро маҷбур кардааст, ки духтарҳояшро ба мактаб-интернат супорад, зеро метарсад, ки аз рӯйи бехонагию бесоҳибӣ ба сарашон ягон бало наояд.

-Хона медоштам, ҳаргиз фарзандонамро аз худ дур намекардам, вале ман, як зани бесавод сад сол меҳнат кунам ҳам, соҳиби ягон хаскаппа шуда наметавонам, бинобар ин, беҳтар аст, ки духтаронам дар интернат дар парастории давлат бошанд ва хонда одам шаванд,-мегӯяд ин зани тоҷик.

Аз нақли Нигина чунин бармеояд, ки ба ноболиғ буданашон нигоҳ накарда, чанд нафар ба духтарҳояш талабгор шудаанд ва мехоҳанд онҳоро келин кунанд, вале зан намехоҳад духтаронашро бармаҳал ба шавҳар диҳад.

“Духтарҳоям қоматбаланд бошад ҳам, ҳоло кӯдаканд, ақаллан 20-22 сола шавнад, ақлашон дарояд, баъд шавҳар мекунанд” мегӯяд модар андешамандона.

Ба савли мо дар мавриди он ки чаро падари фарзандонаш парастории онҳоро бар дӯш намегирад, зан чунин ҷавоб дод, ки шавҳараш марди 67-сола буда, бо нафақаи ночиз умр ба сар мебарад ва зӯраш тамоман ба хӯрондану пӯшондани духтарҳояш намерасад. (Шавҳари Нигина низ дар сӯҳбати телефонӣ суханони занро тасдиқ намуда, таъкид кард, ки вай ҳамагӣ 108 сомонӣ нафақа мегирад. Магар бо чунин маблағӣ ночиз парастории ду духтари наврасро бар дӯш гирифта мешавад?!)Нигина мегӯяд, тамоми талошҳояш барои пайдо кардани ягон ҷойи кори доимӣ бе натиҷа анҷом ёфтанд. Зан кӯшиш кардааст, ки ҳеҷ набшад, бо майдафурӯшӣ машғул шуда, рӯзи худ ва фарзандонашро гузаронад, аммо ин кораш ҳам натиҷаи дилхоҳ надодааст.

Умедворем, ки садои дили Нигина ба гӯши масъулин расида, ба ин зани тоҷик ва фарзандони дар чорсӯйи зиндагӣ зору ҳайрон мондааш дасти ёрӣ дароз менамоянд.

Муштариёни азизи сомонаи Оила. ТЧ, агар шумо ҳам майли ба ин зан ва фарзандонаш кӯмак расонидан доред, метавонед ба рақамҳои зерин занг зада бо худи Нигина ҳамсӯҳбат шавед:
987157776 ва 008552605


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД