Formula september
Хобномаи исломӣ: бо ҳарфи Ш
86201

Шабпарак

Дар хоб дидани шабпарак аз он гувоҳӣ медиҳад, ки инсон бо марди ҷоҳилу заиф шинос мегардад ва ин нафар бо сабаби заифӣ даст ба худкушӣ мезанад. Ҳамзамон хоб дидани шабпарак зиндагии беҳуда ба сар бурданро нишон медиҳад. Ҷавони муҷарраде, ки дар болои сари худ дидани шабпараки парронро мебинад, дили духтари барояш писандро ба даст меорад ва соҳиби писар мешавад. Рафту дар хоб шабпаракро кушад, пас, ба фарзандаш марг таҳдид мекунад.

Шабушк

Дар хоб дидани шабушки бисёр нишонаи азобу машаққат, бемории вазнин, қашшоқиву бенавоӣ аст. Нобуд сохтани шабушк дар хоб аз мушкиливу ғаму ғуса раҳо ёфтан аст. Нафареро, ки дар хобаш шабушк мегазад, нафарони сустирода бо дашноми қабеҳ меранҷонанд. Агар дар хоб ягон узви бадани худро пур аз шабушк ё мор бинед, сарватманд мешавед.

Шадда, донаҳои тасбеҳ

Дар хоб дидани шаддаҳои нишонаи боигарии бо роҳи осон ба дастомада ва ҳамзамон дониши беҳуда аст. Агар шадда дар фарш пош хӯрад, нохушиҳо пеш меоянд.

Шалвори мардона

Шалвори мардона дар хоб ба маънои зан аст. Марде, ки дар хобаш шалвори нав мехарад, издивоҷ мекунад.

Шамол

Дар аксари ҳолатҳо шамол ба азобу кулфат ва бадбахтӣ ишора мекунад. Агар дар хоб шамол деворҳоро чаппа карда, одамону ҷонварон ва зарфу ашёҳоро мебурда бошад, пас бадбахтии калон ба сари мардум меояд. Рафту шамол аз ҷониби бароятон шинос мевазида бошад, нишонаи хабарҳои нек аст, шамоли хокбориш ҷангро пешгӯӣ мекунад.

Шамшер

Шамшер дар хоб ин ҳокимият ва писар аст. Нафаре, ки дар хоби худ шамшер мебарад, мавқеи масъул ва баландеро соҳиб мешавад. Марде, ки дар хобаш ба зани худ ё занаш ба ӯ шамшери тез медиҳад, соҳиби писар мешавад, рафту шамшерро бо ғилофаш тақдим намояд, духтардор мешавад. Баъзан шамшер дар хоб ошӯб ва ҷанг аст. Шамшери дар ғилоф шикаста нишонаи марги фарзанд дар батни модар аст, рафту танҳо ғилоф шиканад, пас модар мефавтаду тифл зинда мемонад. Шамшерро бо сабаби вазниниаш партофтан маънои аз даст додани нерӯ ва қудрат аст. Дар хоб шиноси худро бо шамшери луч хоб дидан ба ҳардамхаёлӣ ва тундмизоҷии ин нафар ишора мекунад. Тезӣ ва вазнинии шамшер ба маҳорати суханварии соҳибаш, ки дар баҳсу мунозираҳо бо душворӣ мағлуб мегардад, ишора мекунад. Дар хоб бе ягон сабаб бо шамшер ба чапу рост задан маънои гуфтори беандешаро дорад. Нафаре, ки дар хобаш дар як вақт ҳам шамшер меафшонаду ҳам гап мезанад, нафаре аст, ки ҳарфаш ҳақиқат дорад. Агар нафаре хоб бинад, ки аз ғилоф шамшер бароварда, онро дубора ба ғилоф ворид месозад, ба амалҳои хайр даъват карда, пеши роҳи бадиро мегирад ва мадҳу сано мешунавад.

Шарм, ҳаё, хиҷолат

Шарму хиҷолат дар хоб нишонаи худдорӣ намудан аз амалҳои номатлуб, имони мустаҳкам ва маблағи пулӣ аст. Баъзан шарм дар хоб маънои ба роҳи рост ҳидоят гаштани шахси гунаҳкорро дорад.

Шарора

Шарора дар хоб сухани қабеҳ аст. Агар шахсе хоб бинад, ки ба сараш шарора мерезад, дучори азобу уқубат мегардад. Рафту шарора дар хоб миёни одамон афтад, байни онҳо душманӣ ва кинаву адоват паҳн мегардад.

Шартнома

Шартнома бастан дар хоб шаҳодати фоида ба даст оварданро дорад.

Шаҳр

Агар нафаре дар хобаш ба ягон шаҳр ворид гардад, аз он чизе, ки метарсид, раҳо меёбад. Дар хоб дидани шаҳри вайронаву валангор нишонаи он аст, ки дину имони сокинони ин шаҳр заиф гашта, аз неъматҳои дунёӣ бенасиб мемонанд. Баъзе уламо бар онанд, ки дидани шаҳри вайрона дар хоб аз марги олими номдоре дарак медиҳад.

Шайтон

Шайтон, иблис дар хоб ба гуноҳ ва ҷиноятҳои содиркарда ишорат мекунаду ҳамзамон нишонаи ҳиллаву найранг, фиреб, ҷодугарӣ, ҳасад ва мухолифат байни зану шавҳар аст. Нафаре, ки дар хоб аз шайтон зарба мехӯрад, сад фисад аз ҳисоби қарз (рибо) нон мехурад. Шайтон ҳамчун душмани дину ҳаёти инсон ба ҳама гуна фиребу найранг қодир аст. Рафту шабаҳи шайтон ба нафари дар зикри номи Оллоҳи бузургбуда даст расонад, ин маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида душмани зиёд дорад, вале душманонаш ба мақсад намерасанд. Дар хоб ситорае аз осмон канда шуда, шайтонро таъқиб намояд, шахси чунин хобдида дар ақидаи худ рост аст. Агар дар хоб шайтон шуморо тарсонад, имонатон қавӣ ва қалбатон ором аст ва чизе ба шумо таҳдид намекунад. Хурсанду хушҳол дидани шайтон дар хоб маънои ба ишқи пургуноҳ афтиданро дорад. Рафту шайтон либосашро аз тан барорад, агар шахси хобдида ҳоким бошад, мақоми худро аз даст медиҳад. Марде хоб бинад, ки шайтон ба ӯ даст мерасонад, пас ин мард душмане дорад, ки зани ӯро бадном карда, ба доми худ андохтан мехоҳад. Дар хоб аз паси шайтон рафтан маънои онро дорад, ки душмане шуморо фиреб намуда, дар фикри рехтани обрӯву нуфузатон аст. Агар нафаре хоб бубинад, ки ҳокими шайтонҳо гаштаасту онҳоро ба итоати худ даровардааст, соҳиби эҳтиром ва сарварӣ мегардад. Агар шайтон дар хоб ба болои кас барояд, ин нафар гуноҳ содир намуда, ҳарфи дурӯғ ба забон меорад. Дар хоб пинҳонӣ бо шайтон гап задан, маънои аз душманон маслиҳат пурсидану бар зидди нафарони парҳезгор ба онҳо кӯмак расонидан ва ба мақсад нарасиданро дорад. Агар нафаре хоб бинад, ки шайтон чизеро ба ӯ меомӯзад, ин нафар ҳарфи дурӯғ мегӯяд ё одамонро фиреб медиҳад.

Шамъ

Шамъ дар хоб нишонаи расидан ба қудрат ё тавлиди писаре аст, ки дар оянда мақому манзалати баландеро соҳиб гашта, хеле саховатманду одил мегардад. Сӯрохӣ дар қисмати болоии шамъ ишора ба пулҳое аст, ки бо роҳи ҳалол ва меҳнати сангин ба даст оварда мешавад.

Шарбат

Нафаре, ки шарбати ангур хоб мебинад, Худованд дар кишту кораш серҳосилӣ ато менамояд, агар фақир бошад, доро мегардад. Хоб дидани одамоне, ки шарбати ангур ва ангат меҷабанд, агар дар ҳоли душвор қарор дошта бошанд, ҳосили хуб ба даст меоранд. Истеъмол кардани шарбати мева дар хоб нишонаи дар зиндагӣ муваффақу комёб шуданро дорад.

Шер, ҳайвоноти ваҳшӣ

Шеру ҳайвоноти ваҳшӣ дар хоб нафарони бе имону бе дине ҳастанд, ки аз ҷамоат дур гаштаанд. Хоб дидани шер боз ба нафаре ишора мекунад, ки соҳибқудрат аст ва ба дигарон фишор меорад. Дар баъзе ҳолатҳо шер дар хоб нишонаи ҷоҳиливу ҷаҳолат, такаббур, худписандӣ, хӯрдагириву айбҷӯӣ ва кибр аст. Боз мегӯянд, ки шер дар хоб таҷассумгари душмане аст, ки аз дасташ ҳар кор меояд. Нафаре, ки дар хобаш ба шер мубаддал мегардад, дар бедорӣ золиму ситамгар мешавад. Дар хоб ба болои шер нишастан маънои бобарор анҷом ёфтани корҳои мушкилро дорад. Куштани шер дар хоб аз дарду ғам раҳо гаштану ба зиндагии тинҷу осуда расидан аст. Дар хоб аз шер гурехтан аз бадбахтии даҳшатнок наҷот ёфтан аст.

Шеър

Шоир дар хоб шахси гумраҳу гунаҳкорест, ки рафтораш бо кирдораш тавъам нестанд. Шахсе, ки дар хобаш шеър мехонад, шахси дурӯяву дуруғгӯ аст. Дар доираи одамон шеър гӯш кардан, маънои беадолатӣ дар зиндагӣ аст.

Шибит

Шибит дар хоб нишонаи таърифу тавсиф шуниданро дорад.

Шикастан

Чизеро дар хоб шикастан нишонаи сар задани ташвишу нохушиҳо аст.

Шикорчӣ

Шикорчӣ дар хоб марди занбозест, ки тавассути ҳиллаву найранг муҳаббати бонувонро ба даст оварда метавонад. Марде, ки худро дар шикор хоб мебинад, занбоз аст.

Шиноварӣ

Нафаре, ки шиновар несту худро дар даруни баҳр хоб мебинад, ба ҳадафҳои худ ноил мегардад, рафту ба гирдоб афтаду моҳирона шиноварӣ намояд, ба кору амали бузургу муҳиме даст зада, муваффақ мегардад ва қудрату тавоноӣ ба даст меорад.

Шир

Шири гов, говмеш ва шутур дар хоб неъмат аст. Неъмати шири буз дар хоб аз шири гов бештар аст. Дар хоб истеъмол намудани шири мочахар нишонаи беморӣ асту истеъмоли шири байтал ба даст овардани номи некро пешгӯӣ мекунад. Нафаре, ки дар хоб шири модасагро менӯшад, ӯро тарс ва хатари калоне аз ҷониби душман интизор аст. Нӯшидани шири рӯбоҳ дар хоб хурсандиву неъмат асту нӯшидани шири хук аз девонагӣ далолат медиҳад. Мард дар хобаш аз синаи зане шир истеъмол намояд, нишонаи бадбахтиву кулфат аст. Дар баъзе таъбирномаҳо чунин хоб нишонаи сарватманд шуданро дорад. Зани шавҳардор хоб бинад, ки ширашро истеъмол мекунанд, соҳиби некиву неъмат мегардад. Нафаре, ки дар хоб шири худро истеъмол мекунад, нишонаи хиёнат ва хоинӣ аст. Зан дар хобаш аз пистони бе шир ба нафаре кӯшиши шир доданро кунад, ин нафар аз неъматҳо бенасиб мемонад. Қаймоқи рӯйи ширро дар хоб истеъмол кардан нишонаи фоида ба даст оварданро дорад. Баъзеҳо чунин хобро бехосият мешуморанд. Шири ҳайвоноти хонагиро хоб дидан ё дар хоб нӯшидан нишонаи аз шахси сарватманде пули ҳалол ба даст оварданро дорад. Нӯшидани шири мор дар хоб аз амалҳои нек дарак медиҳад. Шири шутурро хоб дидан маънои бо корҳои кишту кор машғул шуданро дорад, нӯшидани шири шутур нишонаи издивоҷ бо духтари худотарсро дорад. Шири модашерро нӯшидан маънои ба душманон ғолиб омадан аст. Ҳамзамон хоб дидану дар хоб нӯшидани шири ҳайвоноти ваҳшӣ маънои дар дин устувор будани шахси хобдидаро таҷассум мекунад.

Ширинӣ, ҳалво

Шириниву ҳалво ба имони қавӣ ва ҳамзамон озод шудани маҳбасӣ, шифо ёфтани бемор, оиладор шудани шахси муҷаррад, дониши қуръонӣ ва пулҳои бо роҳи ҳалол ба даст овардашуда ишора менамояд. Дар хоб ширинӣ истеъмол кардан нишонаи беҳтар гаштани вазъи саломатӣ, аз хатар раҳо ёфтану оромиши қалб аст.

Шодмонӣ, хушҳолӣ

Дар хоб шодӣ кардан аз нохушиву нокомӣ дарак медиҳад.

Шона

Шона дар хоб некиву хайр аст, ҳамзамон нишонаи шахси боадолатро дорад. Дар хоб шона кардани мӯй нишонаи шодиву хурсандиро дорад.

Шим, шалвор

Дар хоб дидани шим аз зиндагии поку бегуноҳ шаҳодат медиҳад. Дар хоб пушидани шими нав аз зани бокира гирифтан нишон аст. Пӯшидани шим дар танаи лучи бе курта, нишонаи қашшоқӣ аст. Марде, ки дар хоб шимашро афтида ё дарида мебинад, ба занаш хиёнат мекунад.

Шона

Шона дар хоб хушҳолӣ аст, аз рӯйи ривоятҳо шона илму дониш ва некӣ аст. Шахсе, ки дар хобаш риш ё мӯйи сари худро шона мезанад, аз ғаму андуҳ раҳо мегардад.

Шоҳин, лочин

Шоҳин дар хоб ҳамчун шоҳ ё роҳбари давлат таъбир мегардад. Истеъмол намудани гӯшти шоҳин нишонаи ба даст овардани қудрат аст. Дастгир намудани шоҳин дар хоб далолати он аст, ки дар бедорӣ дуздеро дастгир намуда, моли дуздидаро бармегардонанд. Ҳамзамон, нафаре, ки шоҳинро хоб мебинад, сарватманд мегардад.

 

Шудгоркунӣ

Дар хоб заминро шудгор кардан ба оиладоршавӣ ва ҳамзамон кор ишора мекунад. Марде, ки дар хобаш замини нафари шиносашро шудгор мекунад, бо зане издивоҷ мекунад, ки қаблан зани ҳамин мард буд.

 

Шунавоӣ

Дар хоб шунидани оётҳои қуръонӣ ё ҳадисҳои Паёмбар нишонаи ба роҳи ҳақ сафарбар шудану аз гуноҳҳои содирнамудаи худ пушаймон шуданро дорад. Нафаре, ки дар хобаш сухани шахси дигареро гӯш мекунад, дар бедорӣ ӯро шармандаву сирашро фош месозад.

Шӯрнӯл

Шӯрнӯл (грач) дар хоб аз гуфтори беҳуда дарак медиҳад. Нафаре, ки дар хоб ба болояш ин парранда меафтад, қурбони дуздон мегардад.

 

Шутур

Шутур дар хоб ба ғаму ғусса ишора мекунад. Рафту инсон дар хобаш дар болои шутур нишаста, ба ҷанг мебаромада бошад, андуҳгин ё бемор мегардад. Ё бо шахси бефаросат баҳсу мунозира мекунад. Агар аз банди шутур гирифта, бо роҳи барояш ошно қадам занад, ин маънои онро дорад, ки шахси гумроҳеро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Дар хоб шутурро куштан аз истироҳат ва осудагӣ хабар аст. Нафаре, ки дар хобаш аз болои шутур меафтад, ӯро қашшоқӣ интизор аст. Хоб рафтани шутур дар хоб нишонаи бемории сахт аст. Зани бешавҳар дар хобаш ба шутур нишинад, шавҳар меёбад ё шавҳари рафтааш дубора бармегардад. Ҷӯшидани шутури мода аз дасти нафари воломақоме пул гирифтан аст. Рафту ба ҷои шири шутур хун хоб бинад, моли ҳаром аз худ кардааст. Садои шутур дар хоб огоҳӣ аз ҳаҷ кардан аст. Баъзе олимон бар онанд, ки дар хоб дидани шутур маънои шуҳрат ба даст оварданро дорад, бархи дигар бошанд, бар он ақидаанд, ки чунин хоб аз вохӯрӣ бо шахси дурӯя ва ҷоҳил дарак медиҳад. Шахси бемор дар хоб шутур бубинад, соати маргаш наздик аст. Дар хоб дидани ҷанги ду шутур аз муноқишаи ду нафари воломақом пешгӯӣ мекунад, ки оқибаташ ба ҷанг меорад.

Ҳар нафаре, ки дар хоб шутур сар мезанад, аз кору амали пештар содирнамудааш пушаймон гашта, ӯро бадбахтӣ интизор аст. Баъзан шутури мода дар хоб инъикоскунандаи зан аст. Агар марди муҷаррад шутур хоб бинад, ба наздикӣ оиладор мешавад. Рафту мард ба шутур савор шуда тавонад, духтари зебову меҳрубон ва тақводоре завҷааш мегардад.

Шутурмурғ

Шутурмурғ дар хоб нишонаи ношунавоӣ ё ашрофзода будани инсон аст. Маънии дигари хоб дидани шутурмурғ вохӯрӣ бо шахси фақиру бенаво аст ё чунин хоб башорати некиву бурдборӣ аст. Соҳиби шутурмурғ шудан дар хоб хушбахтӣ аст. Дар хонаи худ шутурмурғро хоб дидан, нишонаи умри дароз дидани инсон аст. Ба шутурмурғ савор шудан шаҳодати издивоҷ бо зани зебову сарватманд аст.

Шӯхӣ

Шӯхӣ дар хоб ҳамчун такаббур, ҳавобаландӣ ва руҳафтодагӣ таъбир мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(5)
Самир 2023-03-27, 11:49
Шоштут чаро нест?
Посух
Самир 2023-03-27, 11:53
Шохтут чаро нест?
Посух
Ҷамшед 2023-04-30, 02:55
Дар хоб дидани шиму кастум
Посух
Табарова Шоира 2023-08-01, 16:53
Ман зани хомила хастам мохи 5 ро мегузаронам хоб дидам Ки пстонхоям шир кардааст Чи таъбир дорад.
Посух
Привет 2023-09-05, 22:07
Овлвлвлу
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(5)
Самир 2023-03-27, 11:49
Шоштут чаро нест?
Посух
Самир 2023-03-27, 11:53
Шохтут чаро нест?
Посух
Ҷамшед 2023-04-30, 02:55
Дар хоб дидани шиму кастум
Посух
Табарова Шоира 2023-08-01, 16:53
Ман зани хомила хастам мохи 5 ро мегузаронам хоб дидам Ки пстонхоям шир кардааст Чи таъбир дорад.
Посух
Привет 2023-09-05, 22:07
Овлвлвлу
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД